Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи наврасон аз тиҷорат ва аробакшӣ


Қонуни масъулияти волидайн дар радифи намози дастаҷмъии то 18-солаҳо, ҳамчунин ба хариду фурӯш машғул шудани онҳоро манъ кард.

Дар зербанди модаи 8, марбут ба ӯҳдадориҳои падару модар дар тарбияи фарзанд, омадааст, ки онҳо бояд фаъолияти хариду фурӯшро ба фарзанди худ манъ кунанд.

Исмоил Талбакаов, вакили Маҷлиси намояндагон зимни шарҳи ин зербанд мегӯяд, ки баъди аз тарафи раис ҷумҳур имзо шудани қонун, ба фаъолияти савдогарӣ ва намудҳои дигари, ба истилоҳ, пулкоркунии наврасони то синни 20-сола манъ аст. Ин қонун аробакашӣ, фурӯши борхалтаҳои пластикӣ, мошиншӯӣ ва умуман тамоми намуди савдогарии наврасонро ғайриқонунӣ мекунад. Дар сурати идомаи ин намуди фаъолият падару модари чунин наврасон ҷарима хоҳанд шуд.

Ҷаноби Талбаков мегӯяд: «Аробакашӣ, мошиншӯӣ, сипандуд, инҳо ягон намуди фаъолияти соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ нестанд, инҳо роҳи ба даст овардани даромад ҳастанд ва дар ҷараёни тарбияи фарзандон халал ворид мекунанд».

Ин қонун дар ҳоле қабул шудааст, ки ба маълумоти Созмони байналмилаии кор наздик ба 200 0000 ноболиғ дар Тоҷикистон бо майдафурӯшӣ, мошиншӯӣ, ҳаммолӣ, пок кардани пойафзол ва аъмоли шабеҳи ин машғуд буда, бо ин роҳ рӯзгори оилаҳои худро таъмин мекунанд.

Самади 12-сола дар яке бозорҳои Душанбе ба майдафурӯшӣ машғул аст. Вай мегӯяд, ки ҳар рӯз барои ин харидуфурӯш аз Варзоб ба пойтахт меояд ва аз ҳисоби даромади савдогарӣ ҳар бегоҳ ба хона 10 дона нон мебарад. Ӯ нашрия намехонад ва барои тамошои телевизион вақт надорад ва намедонад, ки бо қабули ин қонун фаъолияташ дар бозор ғайриқонунӣ мешавад. Самад ноновари хона аст ва рисқу рӯзии хоҳару бародари худро таъмин мекунад.

«Ман сигарет, сӯзанак,... мефӯрушум ва ҳар рӯз то 10 сомонӣ мемонад. Аз ин ҳисоб ба хона нон, сабзавот мебарам.»

Дар борзору хиёбон ҳамтоҳои Самад, яъне фурӯшандаҳои наврас, ки чӣ дар бари падру модар ё пайвандон ва чӣ танҳо ба савдогарӣ машғуланд, кам нест. Самад ҳамроҳ бо бародараш Муҳаммад кор мекунад ва аз ин ҳисоб сару либоси мактабӣ ва хароҷоти дигари хонаводаашоро таъмин мекунад. Иддаи дигар ба арбокашиву мошиншӯӣ ва ҳаммолӣ машғуланд.

Карим яке аз дигар ҳамсӯҳбатони ман, ки дар хиёбонҳои марказӣ ба шустани нақлиёт машғул аст, ҳар рӯз аз ин ҳисоб 40-50 сомонӣ маблағ меёбад. Карим ба ивази шустани ҳар як мошин аз 5 то 10 сомонӣ мегирад. Ман аз ӯ пурсидам, ки оё дар бораи манъи фаъолияти мошиншӯии ноболиғон хабар дорад? Ӯ аз ин суоли ман дар шигифт монд ва чеҳрааш андӯҳгин шуд. Ӯ аз ман мепурсид, ки ки акнун вазъи хонаводааш чӣ хоҳад шуд?

Ҳамсӯҳбати ман дигар мадори ҳарф задан накард ва каноратар рафта сари по нишаст Маълум буд, ки ин хабар барояш сахт нохушоянд буд.

Маърифати Даврондӯхт, омӯзгори таҷрибадор мегӯяд, дуруст аст, ки бачаҳо аз таълиму тадрис дур набошанд, аммо қабл аз он ки давлат ин қонунро қабул мекард, бояд ба шароити иҷтимоии мардум меандешид. Ӯ мегӯяд дар ҳоле , ки бисёр хонаводаҳо дар шароити бади молӣ ба сар мебаранд, ин гуна ташаббусҳо вазъи онҳоро боз ҳам печидатар мекунад. Ҳарчанд, ки қонун моҳиятан ба дарди тарбияи наврасон мехӯрад, аммо баъзе бандҳои он бо назардошти вазъи иҷтимоии қишри болои қабул шудааст, на қишри камбизоат, ки аксариятро ташкил мекунанд.

Хонум Даврондухт мегӯяд: «Онҳо аз рӯзи ногузар ба бозор мераванд пайи шуғле, аробакашӣ ё боркашонӣ. Дар ҳоле ки наврасӣ давраи тиллои умр аст , аммо на ҳар кас аз ин давраҳо истифода карда метавонад».

Ба кӯчаву бозор рехтан ва аз таълиму тадрис дур шудани ноболиғон равандест, ки дафъатан ба думболи анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ шурӯъ шуд ва дар солҳои баъдӣ қишрҳои бештари аҳолиро фаро гирифт.

Муҳоҷирати кории наздик ба 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон ва бесаробон мондани бисёр оилаҳо аз таҳрикдиҳандаҳои аслии ин раванд номбар мешавад. Ҷомеъашиносон мегӯянд, интизор мерафт, ки баробари таҳкими амнияту субот дар кишвар ҳукумат ноболиғонро аз кӯчаву бозор ҷамъ мекунад ва ба меҳнати кӯдакон хотима мегузорад. Аммо ин раванд бисёр тӯлонӣ шуд ва тақрибан як наслро бесавод кард.
XS
SM
MD
LG