Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси зани аксбардори эронӣ дар роҳ ба Олмон


Марям Маҷд
Марям Маҷд
Як зани аксбардори варзишӣ, ки ба хотири иҷозати ҳузури занони эронӣ дар бозиҳои футболи мардон маърака пеш мебурд, бе ному нишон шудааст.Тибқи баъзе гузоришҳо Марям Маҷди 24-сола, ки мебоист 17-уми июн ба хотири тамошо ва аксбардорӣ аз бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол миёни занон ба шаҳри Дюселдорфи Олмон сафар кунад, аз тарафи ходимони амниятӣ дар Теҳрон боздошт шудааст.
Ба қавли манбаъҳои муътамад шаби 16-уми июн чор нафар, ки зоҳиран ба афсарони амниятӣ монанд будаанд, баъди кофтукоби хона ин хонумро ба ҳабс гирифтаанд.
Феълан дар Эрон занон ҳақ надоранд, ҳунарнамоии мардони футболбозро дар вазишгоҳ тамошо кунанд. Маҷд яке аз занони фаъол буд, ки баҳри лағви ин қарор талош меварзид.
XS
SM
MD
LG