Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаллим: "Сурия дахолати хориҷиро қабул надорад"


Валид Муаллим-вазири корҳои хориҷии Сурия
Валид Муаллим-вазири корҳои хориҷии Сурия
Вазири корҳои хориҷии Сурия Валид Муаллим ҳар гуна миёнаравии хориҷӣ дар умури дохилии кишварашро рад карда, дар айни замон гуфтааст, ки Димашқ ҷонибдори ҳифзи равобити хуб бо муттафиқи деринааш-Туркия аст. Ин изҳорот дар ҳоле пахш шудааст, ки баъди таъқиби хунини эътирозҳои мухолифини ҳукумати Сурия Туркия худро аз мақомоти Димашқ канор кашидааст. Муаллим ҳамчунон таҳримҳои аврупоиро беаҳамият хонд. Ӯ гуфт: “мо Аврупоро фаромӯш мекунем”. Таъқиби ошӯби ҷонибдорони демократия Сурияро зери фишори рӯзафзуни байналмилалӣ қарор додааст. Мухолифин мегӯянд, аз моҳи март ба ин тараф камаш 1400 узви ҷумбишҳои мухолифи ҳукумати Сурия ба қатл расидаанд. Рӯзи душанбе президенти Сурия Башор ал-Асад бо ҳадафи ором намудани ошӯбҳо ваъдаи ислоҳот дод, вале мухолифин истеъфои ӯро талаб доранд.
XS
SM
MD
LG