Пайвандҳои дастрасӣ

Аъзои ал-Қоида аз зиндони яманӣ фирор кардаанд


Мақомоти Яман мегӯянд, дар ҷануби ин кишвар даҳҳо пайрави созмони террористии ал-Қоида аз зиндон фирор намудаанд. Онҳо афзудаанд, фирор аз зиндони шаҳри Мухаллаи канори Баҳри Араб баъди ҳамлаи гурӯҳи силоҳбадастон ба маҳбас имконпазир шуд. Тибқи гузоришҳо ҳангоми ҳамла як посбони зиндон ба қатл расидаву чанд тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ба қавли мақомоти Яман дар байни фирориён шуморе муттаҳам бо терроризм будаанд. Дар ҷануби Яман мубориза бо пайравони ал-Қоида ҷараён дорад. Вале сар аз моҳи январ дар ин кишвар ошӯб бар зидди президент Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ низ шурӯъ шудааст. Моҳи равон дар натиҷаи ҳамла ба қасри раёсатҷумҳурӣ Солеҳ маҷрӯҳ шуд ва феълан дар Арабистони Саудӣ муолиҷа мешавад.
XS
SM
MD
LG