Пайвандҳои дастрасӣ

Урунбой Усмонов пас аз даҳ рӯзи боздошт дар идораи амният, ба боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд интиқол дода шудааст.

Малоҳат Абдураҳимова, хонуми Урунбой Усмонов, зимни таъиди ин хабар ба Озодӣ гуфт: «Шавҳарамро субҳи имрӯз 22 июн аз идораи амният ба Сизои шаҳри Хуҷанд кӯчонданд. Мо хоҳиш кардем, ки шавҳарамро бинам, аммо гуфтанд, ки коғаз (иҷозатнома) биоред. Гуфтем, ки ҳамин рӯз коғаз биорем, иҷоза медиҳед, ки бинем? Маъмурони боздоштгоҳ гуфтанд, ки мо то соати 16.00 кор мекунем, имрӯз намешавад. Ба ин далел гашта хона омадем.»

Файзинисо Воҳидова, вакили дифоъи хабарнигори боздоштшудати Би-Би-Сӣ, Урунбой Усмонов низ бар ин бовар аст, ки бо интиқоли зерҳимояаш ба СИЗО -и Хуҷанд имкони мулоқоти рӯ ба рӯ фароҳам хоҳад шуд. Зеро ба гуфтаи хонум Воҳидова, зерҳимояаш дар мулоқоти рӯзи душанбе, ки дар ҳузури мақомоти тафтишот сурат гирифт, имкони озодона ва ошкор сӯҳбат карданро надоштааст.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта Малоҳат Абдураҳимова ҳамроҳ бо Ойбек, писараш ва духтараш ва инчунин яке аз хоҳарони Урунбой Усмонов дар бинои идораи раёсати амният бо шавҳараш дар ҳузури маъмурони амниятӣ мулоқот кардааст.

Ба таъкиди хонум Абдураҳимова, «вазъи саломатии шавҳарам, хуб нест, рангаш зард шудагӣ, хеле маъюс аст. Албатта акнун, ки ба СИЗО гузаронидаанд, умедворем, вазъаш беҳтар шавад, табибон кӯмак кунанд, мо ҳам аз ҳолаш хабардор шавем».

Ба таъкиди хонум Абдураҳимова, шавҳараш худро гунаҳкор намедонад ва дар пайи тӯҳмат ба чунин рӯзе гирифтор шудааст.

Бо таваҷҷӯҳ ба вазъи нигаронкунандаи шавҳараш, Малоҳат Абдураҳимова бори дигар аз раиси ҷумҳур хостааст, то дар озодии шавҳараш Урунбой Усмонов, кӯмаку мусоидати худро дареғ надорад.

Ин дар ҳолест, ки пайвандони Урунбой Усмонов дар ҳафтаи гузашта дар номаи саркушода аз Эмомалӣ Раҳмон хоста буданд, ки барои озодии вай мусоидат кунанд.

Урунбой Усмоновро маъмурони ҳифзи ҳуқуқ ба таърихи 13 июн ба гумони узвият дар созмони мамнӯъи Ҳизби таҳрир боздошт карданд. Аммо худи Урунбой Усмонов мегӯяд, боздошти вай ба фаъолияти журналистиаш вай рабт дорад.

Ҳамчунин вакили мудофеъ, идораи марказии Би-Би-Сӣ, созмонҳои байналмилали дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон ва бархе аз сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ низ ба ин нукта таъкид мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG