Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Италия тарафдори оташбас дар Либия аст


Франко Фраттинӣ
Франко Фраттинӣ
Рӯзи чоршанбе вазири корҳои хориҷии Италия Франко Фраттинӣ пешниҳод кард, ки тарафҳои даргири Либия фавран душманиро мутаваққиф кунанд, то имкони расонидани ёрии башардӯстона ба аҳолии ин кишвари ҷангзада пайдо шавад.

Аснои сӯҳбат дар парламенти кишвараш Фраттинӣ ҳушдор дод, ки талафоти мардуми мулкии Либия дар ҷараёни ҳамлаҳои ҳавоии НАТО эътимод ба паймонро бо таҳдид рӯ ба рӯ кардааст.

НАТО эътироф кардааст, ки рӯзи якшанбе дар натиҷаи оташи НАТО афроди осоишта ба ҳалокат расидаанд.

Дар ин миён рӯзи чоршанбе дар Пекин вазири корҳои хориҷии Чин гуфт, ки кишвараш Шӯрои Миллии Давраи Гузаришро, ки аз тарафи мухолифин барои барканории раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ ташкил шудааст, ҳамчун “коршарики муҳими музокирот” эътироф мекунад.

Имрӯз Янг Ҷейчӣ дар Пекин бо мудири иҷроияи Шӯрои Миллии Давраи Гузариш Маҳмуд Ҷабраил дидору гуфтугӯ дошт.

Чин даъват кардааст, ки ҷонибҳо аз роҳи музокирот ба низои Либия хотима бахшанд.Ахиран мансабдорони Чин бо намояндагони ҳар ду ҷониби даргири Либия музокирот анҷом додаанд.
XS
SM
MD
LG