Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи «Қонуни суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ»-ро қабул намуд.

Ин қонун аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ба порлумон пешниҳод шуда буд.

Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, зимни муаррифии ин қонун дар порлумон гуфт, ки бар асоси он Бунёди пасандозҳо таъсис мешавад, ки ҳамаи бонкҳои кишвар ва муассисаҳои қарздиҳӣ ба сурати ҳатмӣ муассиси ин бунёд хоҳанд буд.

Ба гуфтаи раиси Бонки миллии Тоҷикистон, ҳадафи аслии таъсиси ин Бунёд ҳифзи пасандозҳои шаҳрвандон аз ҳар гуна пайомади бӯҳронҳои молӣ ва иқтисодист: «Муқаррароти асосии ин қонун аз инҳо иборат аст. Якум узвияти ҳатмӣ ба Бунёд барои ташкилотҳои қарзӣ, ки ҳуқуқи ҷалби пасандозҳои шахсони воқеиро доранд, яъне ҳар як ташкилоти қарзие, ки дар қаламрави Тоҷиикстон амал мекунад ва ҳуқуқи ҷалби пасандозҳоро дорад, ҳатман узви Бунёди суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ мегардад, аз он ҷумла «Амонатбонк», ки кафолати пасандозҳои он аз ҷониби ҳукумат дода шудааст. Дуюм он ташкилотҳои қарзие, ки пасандозҳоро ҷалб мекунанд 7 фоизи он пасандозҳоро дар ин Бунёд нигоҳ медоранд».

Ба гуфтаи раиси Бонки миллии Тоҷикистон, ҳадафи аслии таъсиси ин бунёд ҳифзи пасандозҳои шаҳрвандон аз ҳар гуна пайомади бӯҳронҳои молӣ ва иқтисодист. Бунёди мазкур ҳаққи гирифтани қарз аз ҳукумати Тоҷикистонро низ дорад.

Ба гуфтаи вакилони Маҷлиси намояндагон, як ҳадафи дигари қонун ҷалби муштариён ва шаҳрвандон ба гузоштани сармояҳои худ дар бонкҳо ва бештар намудани эътимоди мардум ба низоми бонкии Тоҷикистон аст.

Исмоил Талбаков, вакили Маҷлиси намояндагон мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир маблағҳои умумии шаҳрвандон, ки дар бонкҳои дохилӣ нигаҳдорӣ мешавад, ҳудуди 1,5 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Ва қонуни мазкур ин сармояҳои мардумро аз беқурбшавӣ нигаҳ медорад. Аммо дар сурати беқурбшавии пул баҳраи он пардохт хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи оқои Талбаков, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 1,5 то 2 миллиард доллари шаҳрвандони Тоҷикистон дар бонкҳои хориҷӣ нигаҳдорӣ мешавад.

Ӯ мегӯяд: «Барои онки дар оянда ҳамин эътимод мустаҳкамтар шавад, масъулияти бонкҳое, ки пасандозҳои мардумро қабул мекунанд баланд бардоштан даркор, ки фардо агар бонки миллӣ, бонки амонатгузорӣ ва ё бонки тиҷоратӣ пасандозҳои мардумро ҷамъ мекунад ва бо ягон сабабе, бо ягон камбудӣ муфлис мешавад, лекин ман гунаҳкор нестам, ки пуламро дар бонк гузошта бошаму бонк хато карда бошад. Барои ҳамин дар ин ҷо ин Бунёд ва Шӯрои нозирони он ва салоҳияту ваколатҳои онҳо муайян карда шуд. То ҳадде, ки чи ҳолате пеш наояд форс-мажор, ё кадом ҳолати ғайри чашмдошт мешавад амонати мардум нигоҳ дошта шавад ва он баҳрае, ки муқаррар шудааст бояд пардохта шавад».

Як нафар аз сокинони пойтахт бо ёдоварӣ аз он давра аз тадбири тозаи давлат ҷиҳати ҳифзи пасандозҳои мардум ҷонибдорӣ кард, вале гуфт, ки ҳанӯз ҳам душвор аст, ки гуфт бовари мардум ба бонкҳо барқарор шудааст.

Ӯ гуфт: «Соли 1995 пули муассисаҳоро 1200 ва пули шаҳрвандонро 1000 маротиба дар пасандозҳо кам карданд. Ман мошин фурӯхта ба "Амонатбонк" монда будам, бар изофа пули як сола заҳмати парвариши тамокуи хонаводаамро ҳам гузошта будам. Аммо вақте пул беқурб шуд, ҷамъи ин ҳама маблағи гузошта ба пули даҳ кило сабзӣ баробар нашуд. Ҳоло бонкҳо шароитиу фоизи хуб пешниҳод мекунанд. Аз кунҷи сандуқи хона дида пасандоз дар бонк бошад беҳтар аст. Аммо оё ҳукумат кафолат дода метавонад, ки боз чунин корҳо такрор нашавад».

Дар ҳамин ҳол дар ҷараёни баррасии тарҳи мазкур ҳамчунин ишора ба он шуд, ки ин санад пеши роҳи гурез аз сармояро хоҳад гирифт. Зеро ба гуфтаи Исмоил Талбаков бештари тоҷирон ва онҳое, ки маблағҳи бузург доранд тарҷеҳ медиҳанд, ки маблағҳои худро дар бонкҳои хориҷӣ ҳифз кунанд.

Зимнан Масъуд Собиров, устоди умури бонкдорӣ дар Донишгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе низ бар ин назар аст, ки мардум ба он хотир ба бонкҳои хориҷӣ сармояи изофии худро мегузоранд, ки он кишварҳо соҳиби иқтисоди пешрафта ва бо субот ҳастанд, он ангезае, ки дар Тоҷикистон вуҷуд надорад.

Ӯ мегӯяд: «Ин сиёсати дуруст аст, вале иҷрошаванда ҳаст тасмими давлат ё не? Бо таваҷҷӯҳ ба иқтисод ва умуман шароити Тоҷикистон. Вақте ки на вазъи иқтисодӣ хуб аст на вазъи иҷтимоӣ, ҷомеадории кишвар.Кафолати нигаҳдории пасандозҳоро имрӯз давлат медиҳад, вале кафолати беқурб шудани худи коғаз, худи пулро кӣ медиҳад? Минтақае, ки иқтисодаш устувор аст, пасандозашро маҳз дар онҷо мегузорад, чун сатҳи беқурбшавӣ хеле поён аст».

Бо таваҷҷӯҳ ба чандин маротиба муфлис ва беқурб шудани пасандозҳои мардум дар бонкҳо ҳанӯз ҳам эътимоди мардум ба онҳо чандон ҳоси нашудааст вале ба назар мерасад, кидар ин авохир тамоюли ҳамкории мардум бо бонкҳо бештар мешавад.

Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон низ гуфт ба фарқ аз солҳои ҳатто 2000 то 2002 эътимоди мардум ба бонкҳо рӯзбарӯз дар ҳоли афзудан аст, ки далели рӯшани он интиқоли маблағҳои шаҳрвандон аз хориҷ тавассути бонкҳост. Афзун бар ин, дар ин авохир ҳаҷми пасандозҳо беш аз сӣ дар сад афзоиш ёфта, дар охири соли гузашта ба севу аз даҳ се миллиард сомонӣ баробар шуд, ки беш аз якуним миллиарди онро пасандозҳои шаҳрвандон ташкил медиҳад.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 138 муассисаи қарздиҳӣ, аз ҷумла 14 бонк ва 124 созмони молии ғайрибонкӣ фаъолият мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG