Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати нави Юнон зери раҳбарии сарвазир Георг Папандреу аз эътимоди вакилони мардумии ин кишвар баҳраманд шуд. Аз миёни 300 узви парламенти Юнон 155 нафар ба тарафдорӣ ва 143 каси дигар бар зидди ин ҳукумат овоз додаанд. Ду вакил дар овоздиҳӣ иштирок накарданд.

Папандреу натиҷаи овоздиҳиро иҷозатномаи пешбурди барномаи коҳиши хароҷоти давлат унвон дод. Ба қавли сарвазири Юнон, пешбурди ин барнома, ки дар байни мардум мавриди интиқод қарор гирифтааст, ягона имкони берунрафти кишвар аз бӯҳрони молӣ мебошад: Ба гуфтаи ӯ,
татбиқи ин барнома ягона имкон аст. Агар дар байни кор мо ҳаяҷонзада шавем, агар мо ба зону афтем, агар мо тарсем, таърих моро казовати шадид хоҳад кард.”

Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи Байналмилалии Пул талаб доранд, ки чораҳои шадиди коҳиши хароҷот иҷро шаванд, то кишвар барои пардохти бозбидеҳиҳояш 12 миллиард евро қарз дарёфт намояд. Пешбинӣ мешавад, ки ҳафтаи оянда вакилони мардумии Юнон ислоҳоти иқтисодӣ ва барномаи коҳиши хароҷотро мавриди овоздиҳӣ қарор медиҳанд, ки ба 28 миллиард евро баробар аст.

Барномаи коҳиши хароҷоти давлат боиси эътирозҳои саросарии юнониҳо гардидааст. Онҳо мегӯянд, ки барнома ҳаёти мардуми одиро боз ҳам душвортар мекунад.

Комиссияи Аврупо - ниҳоди иҷроияи Иттиҳодияи Аврупо пуштибонии вакилони мардумӣ аз ҳукумати нави Юнонро қадрдонӣ намуда, афзудааст, ки акнун парламенти Юнон бояд барномаи коҳиши хароҷотро дастгирӣ кунад.
XS
SM
MD
LG