Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куҳансолтарин инсони рӯи олам даргузашт


Дар Бразилия дар синни 114-солагӣ куҳансолтарин инсони рӯи олам вафот кард. Мария Гомес Валентим, ки дар китоби рекордҳои ҷаҳонии Гиннес сабти ном шудааст, рӯзи сешанбе ҳалок шуд. Ин зан, ки мебоист нуҳуми июл 115-солагиашро ҷашн гирад, ҳар субҳ як пора нон каме мева ва кофе тановул мекардааст. Ба қавли хешовандон ин зан ҳеҷ гоҳ аз касе кумак нахоста корҳояшро худ ба анҷом мерасонидааст. Баъфт фавти Валентим сокини аёлати Ҷорҷияи ИМА Бессе Купер куҳансолтарин инсони рӯи олам ба шумор меравад. Ин хонум аз Валентим ҳамагӣ 48 рӯз ҷавонтар аст.
XS
SM
MD
LG