Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО, Русия, Тоҷикистон ва Афғонистон


Мулоқоти вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ ва фиристодаи вижаи НАТО дар умури Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Ҷеймс Аппатурай, Душанбе, 22-юми июни соли 2011.
Мулоқоти вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ ва фиристодаи вижаи НАТО дар умури Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Ҷеймс Аппатурай, Душанбе, 22-юми июни соли 2011.

Ҷеймс Аппатурай, фиристодаи вижаи НАТО дар умури Қафқоз ва Осиёи Марказӣ вориди Тоҷикистон шуд.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар додааст, ки Ҷеймс Аппатурай, то 23 июн дар Душанбе хоҳад буд.

Қарор аст, фиристодаи НАТО бо мақомоти Тоҷикистон вазъ дар Афғонистон ва шеваҳои
Мо бо НАТО дар чаҳорчӯби барномаи «Мушорикат ба хотири сулҳ» ҳамкорӣ дорем. Бо Русия ҳам ҳамкориҳои низомӣ дорем. Яъне ин ду мавзӯъ ба ҳам иртиботе надоранд...

расидан сулҳ дар он кишварро баррасӣ кунанд. Тоҷикистон ба Паймони Атлантики Шимолӣ дар амри таъмини нерӯҳояш дар Афғонистон кӯмак мекунад. Гуфта мешавад, яке аз мавзӯъҳои мавриди баҳси ҷонибҳо таҳкими марзҳои Тоҷикистон хоҳад буд.

ФУРСАТИ ВИЖАИ САФАР

Ҳамзамон бо сафари Аппатурай дар Душанбе даври саввуми музокироти Тоҷикистону Русия рӯи тарҳи ҷадиди созишномаи ҳамкорӣ дар умури марзбонӣ баррасӣ мешавад. Бино ба хабаргузориҳои Русия, ки аз манобеи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон нақли қавл мекунанд, тарҳи ин созишнома омода шудааст ва бар асоси он мушовирони русӣ дар ин кишвар боқӣ хоҳанд монд ва мавзӯъи бозгашти марзбонони рус ба марзи Тоҷикистону Афғонистон матраҳ нест.

Гузашта аз ин, рӯзи 24 июн вазири дифоъи Русия Анатолий Сердюков вориди Душанбе хоҳад шуд. Ҳам фиристодаи вижаи НАТО ва ҳам вазири дифоъи Русияро раисҷумҳури Тоҷикистон қабул хоҳад кард.

ТАСОДУФ Ё НАҚША?

Дар пасманзари рақобатҳои низомии Русияву Ғарб дар Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон суоле пайдо мешавад, ки оё иттифоқ уфтодани ин сафар дар як марҳалаи замонӣ то куҷо қаблан тарҳрезишуда аст?

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, сафари Ҷеймс Аппатурай, фиристодаи вижаи НАТО дар умури Қафқоз ва Осиёи Марказӣ ва ба дунболи он, Анатолий Сердюков, вазири дифоъи Русия ба Тоҷикистон бо ҳам рабте надоранд.

Давлат Назрӣ, сухангӯи ВУХ Тоҷикистон

Давлат Назриев, сухангӯи вазорат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар як марҳалаи замонӣ иттифоқ афтодани ин ду сафар бар пояи нақшаҳои қаблан тарҳрезишда аст: «Мо бо НАТО дар чаҳорчӯби барномаи «Мушорикат ба хотири сулҳ» ҳамкорӣ дорем. Ва дигар мавзӯъҳое ҳастанд, ки сари онҳо ҳамкорӣ мекунем. Бо Русия ҳам ҳамкориҳои низомӣ дорем. Сафари қарибулвуқӯъи вазири дифоъи Русия ҳам ба ҳамин хотир — баррасии ҳамкориҳои низомӣ аст. Ҳамчунин он кас аз пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон дидан хоҳад кард. Яъне ин ду мавзӯъ ба ҳам иртиботе надоранд.»

Аммо коршиносон мегӯянд, тибқи нақша ё дидаву дониста сурат гирифтани ин сафарҳо аҳамият надорад, зеро ҳоло раванди ҳамзамони тақвияти ҳузури низомии ҳам Ғарб ва ҳам Русия дар Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон идома дорад.

РАҚОБАТ Ё ҲАМКОРӢ

Алексей Малашенко, аз Маркази Корнеги дар Маскав мегӯяд, дар ин нуфузталабиҳо нишонаҳои ҳам рақобат ва ҳам ҳамкорӣ ба чашм мехӯрад. Вай афзуд, Ғарб мекӯшад нуфузи Русияро дар Осиёи Марказӣ коҳиш диҳад ва ҳамзамон ҳарду кишвар дар масъалаи Афғонистон ҳамкории зич доранд.

Вай афзуд: «Ман аз ҳамчунин сафарҳо як хулосаи якҷониба намебаровардам, зеро ин ҷо ҳам нишонаҳои ҳамкорӣ ба назар мерасанд — Тоҷикистон ҳаммарзи Афғонистон аст ва ҳам
Алексей Малашенко

нишонаҳои сабқат, аз ҷумла бархе омоли Амрико на фақат тақвияти амният дар Афғонистон, балки густариши нуфуз дар Осиёи Марказиро бармало нишон медиҳанд. Аммо раванд идома мекунад — Амрико мехоҳад бештар нуфуз пайдо кунад, Русия мавқеи худро, ки аз қабл дошт, нигоҳ дорад. Ин ду сафаре, ки сурат мегиранд, намедонам, аз қабл андешида шуда буданд ё не, аммо ин ки онҳо дар зимн паём доранд, бармалост.»

Сафарҳои намояндаи вижаи НАТО ва вазири дифоъи Русия ба Тоҷикистон замоне сурат мегирад, ки Амрико эълом доштааст шурӯъ аз имсол то соли 2014 нерӯҳояшро аз Афғонистон хориҷ хоҳад кард.

АВЗОЪ ДАР АФҒОНИСТОН

Баррасии вазъи Афғонистон як мавзӯъи ҳамешагии мулоқотҳои ҳайатҳои баландмақоми низомӣ бо мақомоти Тоҷикистон аст ва ба назар мерасад, гоҳҳо дар ин баррасиҳо дар бораи Афғонистон бештар аз Тоҷикистон сӯҳбат мешавад.

Иддае дигар аз коршиносон бар инанд, ки Амрико мехоҳад ба ҳалли мушкили Афғонистон кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русияро ҷалб кунад.

Ваҳиди Мужда, коршиноси афғон дар умури сиёсӣ мегӯяд, ҳадафи умдае, ки амрикоиҳо
Ваҳиди Мужда

мехоҳанд бо кишварҳои ҳамсояи Афғонистон матраҳ кунанд, идомаи ҳузурашон дар Афғонистон тариқи эҷоди пойгоҳҳои низомӣ аст:
«Амрикоиҳо мехоҳанд, кишварҳои минтақаро барои ҳузурашон дар Афғонистон розӣ кунанд ва ин тавр мегӯянд, ки ҳузури мо дар Афғонистон ба нафъи амният дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд. Аммо вақте як сад ҳазор нерӯи амрикоӣ ва 50 ҳазор нерӯи дигари хориҷӣ дар Афғонистон буданд ва натавонистанд ҷилави ин ноамниҳоро бигиранд, табиист, вақте ки теъдоди зиёди нерӯҳо хориҷ мешаванд ва теъдоди каме дар пойгоҳҳо мемонанд, ҳаргиз ин пойгоҳҳо ба он шакле, ки бояд бошад, амниятро таъмин карда наметавонанд.»

Ҷаноби Мужда афзуд, то ба по рост шудани ҳукумати Кобул амрикоиҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва қудратҳои матраҳ дар минтақа — Русияву Чин роҳи ҳамкориро пеш хоҳанд гирифт.

ҲАМКОРИИ ДАРОЗМУДДАТ?

Аммо Абдуғанӣ Муҳаммадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон мегӯяд, ин як марҳалаи муваққатӣ хоҳад буд:
«Ҳамаашон ин ҷо манофеи миллии худро
Абдуғанӣ Муҳаммадазимов

доранд. На ҳама вақт ин манофеъ бо ҳам мувофиқ меоянд. Аз ин хотир, ман бовар надорам, ки онҳо барои ҳалли ин ё он масъалаи стратегӣ дар дарозмуддат як барномаи ҳамоҳангшудаи амал дошта бошанд. Шояд аз лиҳози тактикӣ, то як ё ду сол ҳамкорӣ дошта бошанд. Аммо дар дарозмуддат дар бовари ман намегунҷад.»

Ба ҳамин минвол, коршиносон бар инанд, ки дар марҳалаи кунунӣ дар нуфузталабиҳои низомӣ на Амрико ва на Русия дар Тоҷикистон гашти тунде нахоҳанд кард. Аз ҷумла, ба назари онҳо, баҳси ҳузури гурӯҳи нозирони марзбони рус ва пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ва ҳам ҳамкориҳои низомии Душанбеву Вашингтон ҳамон тавр, ки ҳастанд, ҳамон гуна боқӣ хоҳанд монд.
XS
SM
MD
LG