Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

23-юми июн - Рӯзи олимпӣ


Барои бори саввум дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон, Рӯзи олимпӣ ҳамчун иди варзиши оммавӣ таҷлил мешавад.

Дар ин бора дар як ҷамъомаде, ки рӯзи 22-юми июн дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон доир шуд, ба хабарнигорон Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва ҳамзамон муовини аввали раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, хабар дод.

Вай афзуд: «Рӯзи олимпӣ дар Тоҷикистон ҳамасола 23-юми июн таҷлил гардида, барои дар амал ҷорӣ шудани идеяи олимпизм ва рушди минбаъдаи ҳаракати олимпӣ дар кишвар мусоидат хоҳад кард. Дар ин рӯз дар тамоми манотиқи кишвар баргузории чорабиниҳои варзишӣ дар назар аст».

Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт: «Маркази ин чорабиниҳо пойтахти кишвар мебошад. Чунончи, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе пойгаи давандаҳо ба масофаҳои мухталиф бо ширкати наврасону ҷавонон ва бузургсолон доир мегардад.

Инчунин дар иншооти варзишии пойтахти кишвар мусобиқот дар риштаҳои олимпӣ, ба монанди тенниси майдонӣ, тенниси рӯи миз, баскетбол, шиноварӣ ва ғайра баргузор мешавад».
XS
SM
MD
LG