Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панетта - вазири нави дифои Амрико


Сенати Амрико рӯзи сешанбе бо иттифоқи оро, номзадии Леон Паннетаро ба мақоми вазири дифои ИМА пазируфт.

Леон Панетта, ки мудири Хадамоти Истихборотии Амрикост, ҷойгузини Роберт Гейтс хоҳад шуд. Гейтс тӯли беш аз чаҳор сол дар аҳди Ҷорҷ Буш ва Барак Обама вазири дифоъи Амрико буд ва маъмурияташ 30 июн ба поён мерасад.

Ҷойи Леон Панеттаро, Дейвид Петреус, фармондеҳи феълии нерӯҳои Амрико ва байналмилалӣ дар Афғонистон хоҳад гирифт.

Раъйдиҳӣ дар сенати Амрико дар остонаи як суханронии муҳими Барак Обама сурат гирифт, ки барномаи оғози ихроҷи сарбозони Амрико аз Афғонистонро эълом мекунад.

Леон Панеттаи 73-сола ва сиёсатмадори собиқадори амрикоӣ гуфтааст, ки тарафдори ихроҷи теъдоди чашмгири нерӯҳои Амрико аз Афғонистон аст, ки аз моҳи оянда шурӯъ мешавад.

Рӯзи чоршанбе президенти ИМА барномаи бурунрафти сарбозони Амрико аз Афғонистонро муаррифӣ хоҳад кард.

Коршиносон мегӯянд, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида дар зери фишори вакилони Конгресс ва афкори умум маҷбур шудааст, ки баъд аз тақрибан даҳ соли амалиёт дар Афғонистон пешниҳоди коҳиши ҳузури низомӣ дар ин кишварро бипазирад.
XS
SM
MD
LG