Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Соати 4-и субҳи рӯзи 22-уми июн дар Боғи Ғалаби Душанбе бахшида ба 70-солагии оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ маросими поси хотира баргузор шуд.

Вера Исмоилова, масъули ширкати байнидавлатии садову симои «Мир», мубтакири аслии ин маросим гуфт, далели маҳз соати 4 -субҳ баргузор шудани «Поси хотираи ман» аз он хотир аст, ки 22 июни соли 1941 маҳз ҳамин вақт Олмони фашистӣ ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамла кард:

«Ин ҷо дар Боғи Ғалаба ба он хотир, ки мардум тавонанд эҳтироми гузаштагони худро ба ҷо оранд. Ҳудуди 150 нафар омаданд, шамъ гиронданд. Ашъори ватандӯстӣ ва таърихӣ садо доданд. Ва ба ҳамин минвол эҳтироми онҳоеро, ки барнагаштанд ва ҳам онҳоеро, ки ҳоло зиндаву саломатанд, ба ҷо оварданд».

Хонум Исмоилова гуфт, як гуна флешмобест, ки ҳамзамон дар 12 кишвари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ баргузор ва ин ҳама ба таври мустақим дар телевизиони «Мир» пахш шуд.

Абдураҳмон Хонов, масъули Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, шарики баргузории маросим гуфт, ҳадаф аз он ба ҷуз гиромидошти хотираи қурбониёни ҷанг, афзудани ҳисси ватандӯстии ҷомиа низ аст:

«Аслан мо дар масъалаи тарбияи ватандӯстӣ аз анъанаҳои хуби замони Шӯравӣ дар фаъолияти худ зиёд истифода мекунем. Дар он замон дар тарбияи ватандӯстӣ усулу услуби муассири тарбияи ватандӯстӣ мавҷуд буд, ки метавонистанд мардумро ба ҳам оранд ва алайҳи нерӯҳои аҳримание, ки мухолифи кишвари собиқи мо буданд, ҷалб намоянд. Ва ҳамин эҳсос дар шароити имрӯза низ ҳаст».

Бино ба иттилои расмӣ, дар Ҷанги бузурги ватанӣ ҳудуди 290 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ширкат карда, беш аз 90 ҳазор қурбон шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG