Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистону Русия масъалаи марзро баррасӣ мекунанд


Бино ба гузоришҳо, мақомоти Тоҷикистон ва Русия тарҳи нави созишномаи ҳамкорӣ дар мавриди посбонии марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро баррасӣ мекунанд. Хабаргузории “Интерфакс” навиштааст, дар даври саввуми музокироти ду тараф, аз ҷумла “масъалаи ҳузури марзбонони Русия дар Тоҷикистон” баррасӣ мешавад. Нерӯҳои Русия соли 2005 марзи беш аз 1300 километрии Тоҷикистон бо Афғонистонро тарк карданд ва майли бозгашт ба онҷоро доштаанд. Давлати Тоҷикистон гуфтааст, зарурати бозгашти сарҳадбонони рус вуҷуд надорад, зеро нерӯҳои миллӣ қодир ба посбонии марз ҳастанд.
XS
SM
MD
LG