Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳ ҳазор сарбози Амрико Афғонистонро тарк мекунанд


Қарор аст, имрӯз Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико тарҳи ихроҷи нерӯҳои кишвараш аз Афғонистонро муаррифӣ кунад. Бино ба гузоришҳо, Барак Обама эълом хоҳад кард, ки имсол тақрибан 10 ҳазор сарбози амрикоӣ ба кишварашон бармегарданд ва ихроҷи 5 ҳазор нафари онҳо ҳамин тобистон шурӯъ мешавад. Амрико ҳоло дар Афғонистон 100 ҳазор сарбоз дорад ва ихроҷи онҳо ҳамзамон бо додани масъулияти таъмини амният ба нерӯҳои Афғонистон сурат мегирад, ки қарор аст, ин раванд то соли 2014 идома кунад. Бо гузашти 10 сол аз ҷанг дар Афғонистон мухолифати ҷомеа ва сиёсатмадорони Амрико ба ин ҷанг бештар шуда ва Барак Обамаро таҳти фишор қарор додааст, то ҳарчӣ зудтар ба баргардонидани нерӯҳо ба Амрико шурӯъ кунад.
XS
SM
MD
LG