Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Леон Паннета вазири дифоъи Амрико хоҳад шуд


Сенати Амрико рӯзи сешанбе бо кулли оро, номзадии Леон Паннета ба мақоми вазири дифоъро пазируфт. Леон Паннета, ки мудири Хадамоти Истихборотии Амрикост, ҷойгузини Роберт Гейтс хоҳад шуд, ки тӯли беш аз чаҳор сол дар аҳди Ҷорҷ Буш ва Барак Обама вазири дифоъи Амрико буд ва маъмурияташ 30 июн ба поён мерасад. Ҷойи Леон Паннетаро, Дейвид Петреус, фармондеҳи феълии нерӯҳои Амрико ва байналмилалӣ дар Афғонистон хоҳад гирифт. Раъйдиҳӣ дар сенати Амрико дар остонаи як суханронии муҳими Барак Обама сурат гирифт, ки барномаи оғози ихроҷи сарбозони Амрико аз Афғонистонро эълом мекунад. Леон Паннетаи 73-сола ва сиёсатмадори собиқадори амрикоӣ гуфтааст, ки тарафдори ихроҷи теъдоди чашмгири нерӯҳои Амрико аз Афғонистон аст, ки аз моҳи оянда шурӯъ мешавад.
XS
SM
MD
LG