Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Кӣ Мун дигарбора дабири кулли СММ интихоб шуд


Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид, Бан Кӣ Мунро дигарбора дабири кулли ин созмон интихоб кард. Бан Кӣ Мун, дипломати собиқадори 67-сола аз Куриёи Ҷанубӣ барои фаъолияташ ҷиҳати муқобила бо гармоиши курраи Замин, манъи густариши силоҳҳои атомӣ, ҳуқуқи занон ситоиш шудааст, вале ҳамзамон ӯро интиқод кардаанд, ки дар масъалаи риояти ҳуқуқи инсон дар кишварҳои нерӯманде ба мисли Чин ва Русия сахтгир нест. Даври дуввуми раҳбарии ӯ дар Созмони Милали Муттаҳид, аз якуми январи соли оянда шурӯъ мешавад.
XS
SM
MD
LG