Пайвандҳои дастрасӣ

Порлумони Юнон ба ҳукумат раъйи эътимод дод


Порлумони Юнон ба ҳукумати нахуствазир Ҷорҷ Папандреу раъйи эътимод дод. Дар раъйгирии бомдоди чаҳоршанбе аз ҳисоби 300 вакили порлумон бештар аз нисфи онҳо ба ҳукумат раъйи мувофиқ доданд. Ҷорҷ Папандреу, ки барои наҷоти кишвари дармондаашро кори сахте дар пеш дорад, бояд ислоҳоти иқтисодии дардноке анҷом диҳад, то аз Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи Байналмилалии Пул кӯмаки молӣ дарёфт кунад. Барномаи коҳиши хароҷоти буҷа ва имтиёзҳои давлатӣ сабаби тазоҳуротҳои оммавӣ дар Юнон шуд, ки қарзҳои давлатиаш аз ҳад зиёд шудаанд. Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи Байналмилалии Пул аз Юнон хостаанд, дар ивази 110 миллиард евро кӯмаки молӣ бо ислоҳоти иқтисодӣ ин қарзҳоро баргардонад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG