Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии САҲА аз қарори порлумони Қирғизистон


Масъули умури озодии матбуот дар Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз қарори порлумони Қирғизистон, ки хостори масдуд кардани дастрасӣ ба торнамои хабарии Фергана шуд, ибрози нигаронӣ кард. Дуня Миятович, гуфт, номумкин кардани дастрасӣ ба торнамои мазкур ва дигар қарорҳои шабеҳи порлумон метавонад, дигарандешӣ дар Қирғизистонро маҳдуд кунад. Ҳафтаи гузашта порлумони Қирғизистон гуфт, торнамои Фергана.ру дар миёни қирғизу ӯзбакҳо адовати миллӣ бармеангезад, аз ин хотир бояд баста шавад. Масъули умури озодии матбуот дар Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо гуфт, “чунин кор метавонад, ба пӯшиши хабарии масоили муҳим дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳури Қирғизистон дар тирамоҳи имсол асари манфӣ гузорад.”
XS
SM
MD
LG