Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳурот дар шаҳри Рубтсовски Русия


Рӯзи сешанбе ҳудуди 2000 нафар аз сокинони шаҳри ҷанубушарқии Рубтсовск алайҳи худсарии ширкат ва мақомоти раёсати хадамоти коммуналии шаҳр эътироз карданд. Онҳо мегӯянд, раёсати хадамоти коммуналӣ бе ҳеҷ сабабе ҳаққи ин хадамотро боло бурдааст ва як сол боз аст, ки аз онҳо пули изофӣ дарёфт мекунанд. Ба гуфтаи тазоҳургарон, ҳар хонавода моҳе барои хадамоти коммуналӣ 36 доллар мепардозад ва мақомоти раёсат аз сокинони шаҳр бо баҳонаи харҷҳо зарурии номаълум 70 миллион рубл ё баробар ба дувуним миллион доллар ҷамъ кардаанд. Сокинони шаҳр мегӯянд, амалкарди мақомот мухолифи Кодекси манзил дар Русия аст ва бояд ба онҳо барои риоят накардани ин кодекс ҷазо дода шавад.
XS
SM
MD
LG