Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазияи латукӯби хабарнигорон дар Ӯш таҳқиқ намешавад


Мақомоти интизомии вилояти Ӯши Қирғизистон мегӯянд, қазияи латукӯби ду хабарнигор дар ин шаҳрро таҳқиқ намекунанд, зеро ҳардуи онҳо баъди ҳамла ташхиси тиббӣ нагузаштаанд. Ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, Чинора Сиддиқова, хабарнигори телевизиони Эн Ти Эс ва Владимир Безбородов, наворбардори Маркази хабарнигории Интернюс, ҳангоми наворгирии тазоҳуроти тарафдорони муовини раиси порлумон латукӯб шудаанд, ки он вакили мардумӣ ба моҷароҷӯӣ муттаҳам мешавад. Раёсати умури дохилаи вилояти Ӯш гуфтааст, бидуни доштани санади тиббӣ дар бораи латукӯби хабарнигорон наметавонад, қазияи ҳамла ба онҳоро таҳқиқ кунад.
XS
SM
MD
LG