Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: Дахолат ба умури Сурия беоқибат аст


Владимир Путин, сарвазири Русия, дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Порис дахолат ба умури Сурияро беҳудаву беоқибат номид.

Ба гуфтаи ӯ, "намунаи бархе аз кишварҳои минтақа нишон медиҳад, аз он ки мо талош мекунем равандҳоро раҳбарӣ кунем, вазъ дар онҳо беҳтар намешавад. Ба хусус, ки маълум нест дар он ҷо аслан чӣ мегузарад".

Дар ҳамин ҳол авзоъ дар Сурия ноором боқӣ мемонад. Ба иттилоъи ҳомиёни ҳуқуи башар, рӯзи душанбе нерӯҳои амниятӣ даҳҳо донишҷӯёни донишгоҳи шаҳри Алеппоро боздошт карданд.

Донишҷӯён паёми навбатии Башор Асадро танқид карданд, ки дар он раисиҷумҳур ба мардум ваъдаи гуфтушунид бо мухолифин ва ба роҳ мондани ислоҳотро додааст.

Ба гуфтаи онҳо, раисиҷумҳур дар паёмаш ба саркӯбсозии эътирозгарон ишорае накардааст аз аз ин рӯ бояд ба истеъфо равад.

Ҷонибдорони Башор Асад, дар навбати худ, имрӯз дар Димишқ, Алеппо, Даръо ва дигар шаҳрҳои Сурия намоишҳои пуриздиҳоми пуштибонӣ аз сарвари кишварро доир намуданд.
XS
SM
MD
LG