Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кишварҳои Осиёи Миёна ба ҷои тавсеъаи ҳамгироӣ, рӯ ба ҷудоӣ ниҳодаанд.

Ба ин далел мушкилии зиёдеро дар равобити худ ба миён овардаанд, чунин буд хулосаи як гурӯҳ депутатҳои Бундестаги Олмон, ки ахиран аз Тоҷикистон дидан карданд.

Ба гуфтаи ҳамин ҳайат ва ё Йоаҳима Пфайффер, дигар намояндаи Бундестаги Олмон, ки ба даъвати ҳукумати Тоҷикистон вориди Душанбе шаҳр шуда буд, адами рушди иқтисод дар ин ҷумҳури фасоди молӣ будааст.

Ин гурӯҳи депутатҳои Олмон дар замони вориди Тоҷикистон шуданд, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури

Тоҷикистон дар парлумони Аврупо масоили марбут ба минтақа, равобит ва мухолифати кишварҳои ин ҳавза дар иҷрои барномаҳои энержии Тоҷикистонро матраҳ карда буд ва дар ҳалли ин мушкилот аз кишварҳои ғарбӣ ва парлумони Аврупо кӯмак хоста буд.

Йоаҳима Пфайффер, намояндаи Бундестаги Олмон дар оғози як сӯҳбати ихтисосӣ сараввал ба ин пурсиш, ки ҳадаф аз сафари ин ҳайат чӣ буд, гуфт:

Ҷавоб: Сиёсати давлати Олмон ҳамин аст, ки сармояи додаашро бояд контрол кунад. Мо барномаҳои зиёдеро дар Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунем ва ин маблағ, пули андоздиҳандагон, яъне мардуми Олмон аст ва мо муваззафем ба мардум бирасонем, ки пули онҳо куҷо рафтааст. Ҳадафи сафари ин гурӯҳ низ ҳамин буд.

Суол: Бархе аз расонаҳои хабарӣ дар дохил ва хориҷ чанд депутати парлумони Аврупоро лоббиёни барномаҳои энержии Тоҷикистон дар Ғарб унвон кардаанд, шумо, ки бо даъвати ҳукумати Тоҷикистон ба Душанбе омадед аз ҷумлаи он депутатҳо ҳастед?

Ҷавоб: Не, Не ман дар ин бора иттилоъ надорам. Ҳамкориҳои Олмон ба Тоҷикистон бар асоси стратегияи Иттиҳодияи Аврупо сурат мегирад. Ҳадаф аз ин стратегия, субот дар кишварҳои Осиёи Миёна ба хусус Тоҷиистон бо иҷрои барномаҳои мухталиф аст, ки рушди иқтисоди ин кишварҳоро таъмин мекунад ва ба ин васила ин кишварҳоро ба ҳам бояд биёрад.

Суол: Ба назари шумо то чӣ андоза роҳандозии ё иҷрои стратегияи Иттиҳодияи Аврупо дар ин минтақа ва Тоҷикистон муваффақ аст?

Ҷавоб: Ҳадафи ин стратегия ҳамгироӣ дар минтақа аст, вале ҳоло мо мебинем, ки кишварҳои минтақа талоши аз ҳам дур

шудан доранд ва мехоҳанд мушкилоти худро бо дахолати кишварҳои Ғарб ҳал кунанд. Барои мисол, барномаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун беҳтарин барнома барои рушди кишварҳои минтақа аст. Вале мухолифати Узбакистон ба он монеъа эҷод мекунад. Тоҷикистонро зарур аст бо Узбакистон гуфтугӯ кунад. Дар ин замина тамосҳои густарда дошта бошад ва ҳатто метавонад дар сохтмони ин нерӯгоҳ Узбакистонро низ ҷалб кунад.

Суол: Шумо дахолати давлат дар бахши хусуси ҳамчунин усул ва шеваҳои кӯҳнаи раҳбарӣ дар Тоҷикистонро далоили рушд накардани иқтисоди Тоҷикистон хондед, бархе аз депутатҳои парлумони Аврупо омили аслии рушд накардани иқтисоди Тоҷикистонро дар фасоди молӣ мебинанд, шумо дар ин бора чи назар доред?

Ҷавоб: Табиист, ки ҳеҷ як сармоягузор пулашро барои иҷрои коре сарф намекунад, ки оқибаташ норӯшан бошад ва билохира натавонад сармояашро баргардонад ва ё аз он суд ба даст биорад. Ҳамчунин риск дар Тоҷикистон хеле зиёд аст. Ба назари ман дар инҷо тазмини давлат ва ё утоқи бозаргонии Тоҷикистон зарур аст то сармоядор мутмаин бошад, ки амнияти сармояаш таъмин аст ва ин пул дар куҷо ва барои чи масраф мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG