Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама барномаи хуруҷ аз Афғонистонро эълон мекунад


Рӯзи чоршанбе президенти ИМА барномаи бурунрафти сарбозони Амрико аз Афғонистонро муаррифӣ хоҳад кард.

Коршиносон мегӯянд, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида дар зери фишори вакилони Конгресс ва афкори умум маҷбур шудааст, ки баъд аз тақрибан даҳ соли амалиёт дар Афғонистон пешниҳоди коҳиши ҳузури низомӣ дар ин кишварро бипазирад.

Ходимони дастгоҳи раёсатҷумҳурии ИМА
Мо ҳоло омода нестем, ки умури амниятиро бар дӯши сарбозони маҳаллӣ ва ҳукумати зери раҳбарии президенти Афғонистон Ҳомид Карзай вогузор кунем...

мегӯянд, Барак Обама дар марҳилаи ниҳоии қабули қарор дар мавриди коҳиши ҳузури низомии ИМА дар Афғонистон аст. Пешбинӣ мешавад, ки Обама на танҳо дар бораи шумораи сарбозони беруншаванда сар аз моҳи июли соли равон, балки ҳамчунон дар бораи супурдани масъулияти амният ба сарбозони афғон дар соли 2014-ум сӯҳбат кунад.

Ҳафтаи гузашта фармондеҳи нерӯҳои ИМА ва паймони НАТО дар Афғонистон генерал Дейвид Петреус якчанд варианти хуруҷи сарбозон аз Афғонистонро пешкаш кард.

Гуфта мешавад, ки фармондеҳони низомӣ ҷонибдори бозгашти тадриҷии нерӯҳоянд, вале мушовирони Обама аз хуруҷи босуръат ва ҷиддӣ пуштибонӣ мекунанд.

Дар ҳоле, ки бисёриҳо дар бораи шумора ва замони беруншавии сарбозони амрикоӣ аз Афғонистон ҳадс мезананд, баъзе коршиносон ин суолро матраҳ кардаанд, ки сарнавишти 30 000 афсару сарбозе, ки дар соли 2009-ум ҳамчун воҳидҳои тозанафас ба Афғонистон интиқол ёфта буданд, чӣ хоҳад шуд?

Себастиан Горка, шореҳи умури низомӣ дар Бунёди мудофиа ва демократия, ки марказаш дар Вашингтон аст, мегӯяд, шояд низомиёни афғон дар соли 2014-ум низ ба таъмини амнияти саросари Афғонистон ҳозир нашаванд:

“Мо ҳоло омода нестем, ки умури амниятиро бар дӯши сарбозони маҳаллӣ ва ҳукумати зери раҳбарии президенти Афғонистон Ҳомид Карзай вогузор кунем, то онҳо ба таври муассир истиқлоли ин кишварро ҳимоят кунанд.”

Вазири мудофиаи ИМА Роберт Гейтс, ки охири моҳи равон ба истеъфо меравад, ҷонибдори беруншавии мӯътадили сарбозон аз Афғонистон аст. Дар Кобул Гейтс ба раҳбари Афғонистон ваъда дод, ки дар рӯ ба рӯи ошӯбҳои Толибон

ИМА ҳукумати Афғонистонро фаромӯш нахоҳад кард: “Мардуми афғон бояд ду чизро дар ёд дошта бошад: Аввалан, шояд бо мурури замон ИМА ва муттафиқонаш ҳузури низомӣ дар Афғонистонро коҳиш диҳанд, вале ҳамкории дарозмуддати стратегӣ бо Афғонистон идома хоҳад дошт. Ҳамчунон мо тамрин ва ҷиҳозонидани нерӯҳои амниятии афғонро идома медиҳем, то ҳукумат имкони беҳбуди ҳаёти мардумро дошта бошад. Хуллас, мо дар беруншавӣ саросема нахоҳем шуд.”

Ҳафтаи гузашта 27 вакили Конгресс ба унвони президент Обама номае навишта дархост намуданд, ки шумори ҳаддалимкон бештари сарбозонро аз Афғонистон ба Амрико баргардонад. Ба қавли ин қонунгузорони амрикоӣ дастовардҳои ахири низомиёни эътилоф дар Афғонистон имкон медиҳанд, ки беруншавӣ миқёси бузург дошта бошад.

Дар назархоҳиҳои ахири афкори оммаи ИМА тахминан 80 дар сади пурсидашудагон аз барномаи президент Обама пуштибонӣ кардаанд, ки бино бар он оғози хуруҷ моҳи июли соли равон ва анҷоми онро соли 2014 аст.
XS
SM
MD
LG