Пайвандҳои дастрасӣ

Бозиҳои даври 18-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 22-юм, 23-юм ва 24-уми июн баргузор мешаванд.

Ду бозӣ 22-юми июн сурат мегирад. Дар варзишгоҳи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат дастаи мизбон - “Хайр” бо “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бозӣ хоҳад кард.

ССКА “Помир”-и Душанбе дар варзишгоҳи “Политехникум”-и пойтахти кишвар бо “Равшан”-и Кӯлоб қувва меозмояд.

23-юми июн дастаи “Шодмон”-и Ҳисор дар майдони худ бо “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 24-уми июн “Энергетик”-и Душанбе бо “Гвардия”-и Душанбе рақобат мекунанд.

Ба иттилои Шавкат Аҳмадов, сардори шӯъбаи баргузории мусобиқоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии даври 18-ум миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд аз 23-юми июн ба мӯҳлати дертар гузошта шуд.

Инчунин бозии даври 19-ум миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров аз 26-уми июн ба мӯҳлати дертар мононда шудааст.

Сабаби мавқуф гузоштани бозиҳои “Истиқлол”-ро Шавкат Аҳмадов чунин шарҳ дод: “Рӯзи 22-юми июн дастаи мунтахаби миллии футболи Афғонистон ба Тоҷикистон меояд. Футболбозони афғон дар шаҳри Норак ба бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 бо дастаи миллии Фаластин, ки 29-уми июн соати 16 дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода баргузор мешавад, омодагӣ мебинанд. Дар доираи омодагиҳо ба ин бозӣ тими миллии Афғонистон бо дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бозии дӯстона анҷом хоҳад дод. Ин бозии контролӣ 25-уми июн соати 17.30 дар варзишгоҳи “Барқ”-и шаҳри Норак доир хоҳад шуд. Бояд гуфт, 13 бозигари “Истиқлол” узви дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон мебошанд."

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа «Истиқлол» бо 34 имтиёз дар ҷои аввал аст. «Равшан» бо 32 имтиёз дар ҷои дуввум ва «Регар-ТадАЗ» бо 27 имтиёз дар ҷои саввум қарор доранд.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Юсуф Рабиев (“Истиқлол”) ва Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) бо 10-голӣ пешсафанд. Фозил Сатторов (“Равшан”) 9 гол, Аҳтам Ҳамроқулов (“Вахш”) 8 гол, Габриэл Донто ва Шодибек Ғаффоров (ҳарду - “Энергетик”) 7-голӣ задаанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1. "Истиқлол" 13 11 1 1 30-7 34
2. "Равшан" 15 10 2 3 28-9 32
3. "Регар-ТадАЗ" 14 8 3 3 27-14 27
4. "Хайр" 14 8 2 4 25-14 26
5. "Энергетик" 16 7 2 7 21-22 23
6. ахш" 15 6 1 8 15-16 19
7. ССКА “Помир” 15 6 1 8 22-26 19
8. "Хуҷанд" 15 5 4 6 16-21 19
9. Шодмон” 15 4 2 9 18-27 14
10. арвоз" 15 4 2 9 15-33 14
11. вардия" 15 1 2 12 12-40 5

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG