Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қарор аст аз барномаи нави Бонки Ҷаҳонӣ беш аз 1 миллион аҳолии Тоҷикистон манфиат бинанд.

Ин Барномаи зидди фақр дар ҳоле мавриди иҷро қарор мегирад, ки мардуми Тоҷикистон ба далели болоравии қимати маводи сӯхт ва анвои ғизоӣ ва ҳамчунин пайомадҳои хушксол ба мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ рӯ ба рӯ шудаанд.

Дар гузашта низ, ба камияш ду барномаи коҳиши фақр бо раҳнамоӣ ва мадади ниҳодҳои байнулмилалӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ шудаанд, аммо натиҷаҳои онҳоро бӯҳрони иқтисодии ҷаҳон ва акнун афзоиши нархҳо тақрибан аз байн бурдааст.

НОМНАВИСИ КАМБАҒАЛОН?

Шӯрои мудирони Бонки Ҷаҳонӣ барномаи тақвияти низоми ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистонро
Ин кӯмакҳо ба 15 дар сади аҳолӣ дастрас мешавад, мо аз 45 дар сад зиёд мардуми камбизоат дорем...

тасвиб кард, ки дар маҷмӯъ 3 миллиону 200 ҳазор долларро дар бар дорад. Ҳадафи аслии ин Барнома тақвияти тавони давлат дар барномарезӣ, мониторинг ва идораи раванди расонидани кӯмак ба мардуми камбизоат аст.

Диля Зоирова, аз дафтари намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон дар ин бора гуфт, «бар асоси иҷрои ин Барнома, феҳрасти давлатии мардуми камбизоат ташкил мешавад, пас аз он ҳудуди 1 миллион нафар ё 15 дар сади мардуми камбизоат метавонад, кӯмакҳои молӣ дарёфт кунанд».

Бино ба иттилои давлат теъдоди мардуми камбизоат дар ҷумҳурӣ 45 дар сади аҳолиро ташкил медиҳад. Вале ба иттилои манобеъи ғайрирасмӣ ва ниҳодҳои байналмилалӣ, теъдоди ин мардум дар Тоҷикистон 65 дар садро ташкил медиҳад.

Бонки Ҷаҳонӣ барномаҳои давлати Тоҷикистон дар коҳиши камбизоатиро номуваффақ хонда, гуфтааст, ки бар асоси ин барномаҳо мизони камбизоатиро танҳо метавон ба андозаи 0,03 дар сад дар сол коҳиш дод.

ГАРОНӢ ФАҚРРО АФЗУН КАРД

Ба гуфтаи созмонҳои байналмилалӣ агар мизони камбизоати дар соли 2003, 70 дар садро ташкил медод, ҳоло ин рақам танҳо 3 ва ё 4 дар сад коҳиш ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки тибқи гузориши ахири Сандуқи Байналмилалии Пул, болоравии қимати маводи сӯхт ва анвои ғизоӣ ҳамчунин авоқиби хушксолӣ метавонад теъдоди мардуми камбизоат дар Тоҷикистонро коҳиш бидиҳад.

Марша Олив, намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ гуфтааст, ки барномаи нав воқеан ҳам метавонад, зиндагии 15 дар сади мардуми камбизоати Тоҷикистонро беҳтар кунад.

Аммо Даврон Валиев, раиси раёсати ҳифзи иҷтимоии вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳоле ки «ин кӯмакҳо ба 15 дар сади аҳолӣ дастрас мешавад, мо аз 45 дар сад зиёд мардуми камбизоат дорем.”

Биноан тарҳи нав ҳадаф гузоштааст, ки камбизоаттаринҳо муайян шуда, нахуст кӯмак ба онҳо расад. Ҷаноби Валиев меафзояд, ҳоло мақомоти талош доранд, “механизми ин корро пайдо кунанд.»

КӮМАК АЗ ЧӢ ИБОРАТ ХОҲАД БУД?

Бонки Ҷаҳонӣ гуфтааст, ки бар асоси ин барнома ва тартиби реестри миллии камбизоатӣ, ба як бахши мардум ҷубронпулӣ барои пардохти пули газ, барқ ва харҷи мактаби фарзандонашон расонда мешавад.

Ин дар ҳолест, ки давлат дар будҷаи солона низ барои ин кӯмакҳо маблағ ихтисос медиҳад. Даврон Валиев, дар ин бора гуфт, «ҷубронпулӣ барои барқу газ дар ҳоли ҳозир низ аз сӯи будҷа пардохт мешавад, лекин ин маблағҳо нокофианд ва ба ҳама намерасад.»

Ба таъкиди ҷаноби Валиев, ин барнома аз барномаҳои пешин бо он фарқ мекунад, ки тибқи он омӯзиши қишри камбизоат, дидбонии ин раванд ва расондани кӯмакҳо ба таври суроғайӣ матраҳ аст ва бар асоси тартиби реестри ҷадиди камбизоатӣ дар назар аст, ки ин ёриҳо ба мардуми ниёзманд 20 дар садро ташкил кунад. Хонаводаҳое, ки тавони соҳибкориро доранд, ба онҳо кӯмаки фаннӣ ва молӣ барои роҳандозии соҳибкорӣ дастрас карда мешавад.

Аммо ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ дар ин авохир ду барномаи таҷрибавӣ бар асоси ин тарҳи ҷадид дар ноҳияи Ёвон ва Истаравшан фаъол аст ва ба ҳудуди 20 ҳазор сокини камбизоати ин навоҳӣ кӯмак расонида мешавад.

МАБЛАҒИ БУЗУРГ – МАҚСАДИ КӮЧАК?

Бонки Ҷаҳонӣ гуфтааст, ки 1 миллиону 400 ҳазор доллар маблағи ин барнома барои тартиб додани реестр ё феҳрасти миллии кӯмакҳои иҷтимоӣ масраф мешавад то давлат тавонад, теъдоди муҳтоҷонро пайдо ва муайян кунад ва барои иҷрои ин кор таҷҳизоти фаннӣ харидорӣ мешавад.

Барои тақвияти тавони давлат дар ин замина бошад, 1 миллиону 200 ҳазор доллар масраф мешавад ва барои идора, шумориш ва аудити иҷрои барнома 300 ҳазор доллари дигар дар назар аст, ки дар маҷмӯъ 2 миллиону 900 ҳазор долларо ташкил медиҳад.

Аз нигоҳи таҳлилгарон, барои мақсади нисбатан кӯчак ва асосан бюрократӣ равона шудани чунин сармоя, ки худ метавонад, ба садҳо оила имдод шавад ва ҳам номуайянии бархе аз ҷанбаъҳои он ҳадсу гумонеро дар бораи таъсири амалии барнома дар коҳиши мизони камбизоатӣ дар Тоҷикистон эҷод кардааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG