Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон дар феҳрасти кишварҳои нокоми Бунёди сулҳи Амрико мисли ҳафт соли пешин боқӣ мондааст.

Дар ин феҳрист, Тоҷикистон дар миёни кишварҳои шӯравии пешин танҳо аз Қирғизистон, ки ба далели инқилоб ва даргириҳои қавмии соли гузаштааш ноком унвон мешавад, қарор дорад.

Дар зарфи се моҳи охир бори севвум аст, ки Тоҷикистон дар назарсанҷиҳои созмонҳои ғарбӣ ё кишвари ноозод, диктатур ва акнун ноком унвон мешавад.

ЯК КАМЕ ПЕШРАВӢ, ВАЛЕ ҲАНӮЗ НОКОМ

Ҳафт соли пай дар пай дар рӯйхати кишварҳои ноком. Имсол дар феҳрасти мазкур Тоҷикистон андаке мавқеъи худро боло бурд, аммо ҳамоно ноком боқӣ мондааст. Таҳиягарони феҳрасти мазкур гуфтаанд, ки онро бар асоси 12 шохиси иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва мудирияти ҳукуматҳо таҳия кардаанд. Аммо ҳамагии ин шохисҳо дар рушди устувори иқтисодӣ ва ҳимояи ҳуқуқи башар хулоса мешавад.



Тоҷикистон дар ростои ин ду шохис умдатан бо доштани рушди ноустувори иқтисодӣ ва шикояти фаровон аз нақзи ҳуқуқи башар, ки паёмади мудирияти номуваффақ дониста мешавад, ноком шинохта шудааст. Аммо назарҳо ба ин баҳогузорӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна аст?

Агарчанд таҳлилгарон мегӯянд, ки вокуниш ва назари мақомот ва маҳофили дохилии Тоҷикистон ба чунин баҳогузорӣ дигар аҳамияти чандоне надорад. Зеро он умдатан барои ниҳодҳо ва сармоягузорони байналмилалӣ аслан зарур аст ва онҳо ба чунин таҳқиқоти созмонҳои ғарбӣ эътимод мекунанд. Гузашта аз ин Тоҷикистон имкони посух гуфтан ва инкор намудани натиҷаи чунин пажӯҳишҳоеро ҳам дар тавон надорад.

"ТАҲҚИҚОТРО ДУРУСТ НАМЕШУМОРАМ."

Аммо ба ҳар ҳол, Фирӯз Саидов, мудири раёсати пажӯҳишҳои иқтисодӣ дар Маркази тадқиқоти стратегии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноком унвон кардани Тоҷикистон розӣ нест. Ӯ мегӯяд, аз нигоҳи рушди иқтисодӣ Тоҷикистон бо вуҷуди бӯҳрони молӣ тавонистааст, ки ба дастовард ноил шавад ва ба бештар аз 6 дарсади рушди иқтисодӣ даст ёбад, ки нишонаи пешрафт аст, на нокомӣ.

Оқои Саидов мегӯяд: «Баҳои ин маҷалла дар мавриди он, ки иқтисоди Тоҷикистон ноком аст, (ман аслан дар
Фирӯз Саидов, мудири раёсати пажӯҳишҳои иқтисодӣ дар МТС назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон

бораи ҳуқуқ гап намезанам, чун соҳаи ман нест) ба фикри ман дуруст нест. Зеро новобаста аз мушкилоти мавҷуд дар Тоҷикистон ва сарфи назар аз таъсири сиёсати давлатҳои ҳамсоя, ки ба иқтисоди Тоҷикистон мерасад, умуман рушди иқтисодӣ вуҷуд дорад. Онҳо дар дохили Тоҷикистон як таҳқиқоти бунёдӣ нагузаронида, дар ин маврид мавод нашр мекунанд. Масалан чанде пеш намояндагони Сандуқи байналмилалии пул омаданд, мо бо онҳо мулоқот доштем ва онҳо пешрафтро мусбат унвон карданд, мо албата пеш аз ҳама ба СБП бовар дорем. Ва ин таҳқиқотро он қадар дуруст намешуморам.»

ШОХИСИ ОЗОДИИ БАЁН НИЗ НООЗОД УНВОН ШУДААСТ

Аммо аз нигоҳи озодиҳои сиёсӣ, матбуотӣ ва мазҳабӣ низ Тоҷикистон зарфи як соли гузашта ҳамеша мавриди интиқод ва ҳатто интиқоди шадиди созмонҳои ҳуқуқи башари дохилӣ ва байналмилалӣ будааст. Дар тирамоҳи соли гузашта чанд рӯзнома ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо гурӯҳҳои ифротӣ, бидуни он, ки гуноҳашон собит шавад, баста шуданд. Вале дар аввали соли равон дубора иҷозаи нашр пайдо намуданд. Аммо бо вуҷуди он, дар шохиси озодии баён дар як моҳи пеш, Тоҷикистон кишвари ноозод унвон шуд.

Дар интихоботи миёндаврии моҳи май ба Маҷлиси намояндагон дар шаҳри Душанбе, мақомот аз ворид намудани намояндагони аҳзоби сиёсӣ ба ҳайатҳои раъйшуморӣ худдорӣ намуданд, ба ин хотир ҳизбҳои мухолиф аз ширкат дар интихобот сарфи назар карданд ва кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла ИМА низ нозирони худро, ки барои назорати интихобот ба КМИР муаррифӣ намуда буд, пас хонд.

"БАҲОГУЗОРӢ КОМИЛАН ДУРУСТ ВА ОДИЛОНА АСТ."

Амнияти Абдулназар, муовини раиси ҲСДТ баҳогузории Бунёди сулҳро дар мавриди Тоҷикистон комилан одилона ва дуруст медонад ва мегӯяд, ин нокомӣ ҳамчунон идома хоҳад кард, то низоми интихобот ислоҳ нашавад ва фасод аз миён наравад. Вале барои ҳамаи ин иродаи мудирони кишвар зарур аст, амре, ки ба гуфтаи оқои Абдуназар то ҳол вуҷуд надорад: «Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо ноком аст, на танҳо дар заминаи иқтисод ва ҳуқуқи инсон. Сабаби асосиаш ҳам, ношаффоф ва ғайри демократӣ будани интихоботҳо аст. Бар замми ин, беадолатӣ дар тақсимоти захираҳои Тоҷикистон вуҷуд дорад, кулли иқтисод дар дасти як гурӯҳ ва як қавм аст, қавмҳои дигар гирифтори мушкилот аст. Ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дифоъ намешавад. Мисол, дар Бадахшон мардум барои он хест, ки давлат қудрати дифои ҳуқуқҳои онҳоро надорад. Барои ҳамин мардум маҷбур аст, ки бо усулҳои ғайри қонунӣ ба дифои худ бихезад.»

Аммо бархе дигар аз таҳлилгарон мегӯянд, ки муҳим натиҷа ва ҳадафи ин таҳлил ва назарсанҷиҳо аст. Ва агар ҳадаф тавассути ин пажӯҳиш нишон додани мизони субот ва устувории ҳукуматҳо, аз ҷумла ҳукумати Тоҷикистон бошад, пас метавон гуфт, ки шохисҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ аз воқеъиятҳо фосила дорад. Ва мудирияти комгор нокомро низ метавон дар миёни гироиш ва бархӯрди сиёсати қудратҳо дар минтақа таҷриба кард ва шинохт.

"ТОҶИКИСТОН ДАР ТАЪМИНИ СУБОТ КОМЁБ АСТ."

Зафар Абдуллоев, таҳлилгари тоҷик мегӯяд: «Ин ҷо сухан аз устуворӣ ва суботи ҳукумат аст, на давлат аст. Агар чунин аст, пас субот, нокомӣ ва комёби ҳукумати Тоҷикистон ба гароиши Эмомалӣ Раҳмон ба Ғарб ва ё
Зафар Абдуллоев, таҳлилгари тоҷик

Русия бастагӣ дорад. Агар ин гироиш ба як ҷониб сурат бигирад, бидуни шак шоҳиди бесуботӣ хоҳем шуд. Вале ҳоло Тоҷикистон дар моварои ин сиёсатҳо талош мекунад роҳи худро тай кунад. Ман ба ин назар мувофиқам, ки бар асоси ҳамаи шохисҳо ва арзишҳои сиёсӣ мо ҳамчунон кишвари бесубот ва ноком боқӣ мондаем, аммо боз ҳам сарфи назар аз ҳамаи ин, аз нуктаи назари сиёсати амалӣ, Тоҷикистон дар таъмини субот комёб аст.»

МУҲОҶИРОН- ОМИЛИ СУБОТИ ИҶТИМОӢ

Дар ҳамин ҳол, бархе дигар аз таҳлилгарон маегӯянд, ки авзоъи иқтисодӣ дар Тоҷикистон ҳаргиз ба андозае сангин набуда, ки боиси анезаҳои сиёсӣ шавад. Аммо боло рафтани қимати маводи сӯхт ва ба думболи он ҳамаи қиматҳои дигари бозор, ба гуфтаи коршиносон асароти манфии худро дар зиндагии мардуми тоҷик ва боло рафтани сатҳи камбизоатӣ баъди чанд моҳи дигар хоҳад гузошт.

Бисёре аз таҳлилгарон ба ин боваранд, ки омили асосии суботи иҷтимоӣ ва иҷтисодӣ дар Тоҷикистон муҳоҷирони кории Тоҷикистон ва камобеш 3, 5 милиард долларест, ки онҳо солона ба Тоҷикистон интиқол мекунанд. Ва ин пул маишати хонаводаҳоро таъмин мекунад ва Тоҷикистонро аз бӯҳрони ҳатмии иҷтимоӣ ва иқтисодии ногузир наҷот додааст. Аммо суол ин аст, ки 1, 5 миллион муҳоҷир ва 3, 5 миллиард доллар пули онҳо низ ба ҷумлаи комёбиҳои ҳукумат дохил мешавад?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG