Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомии ҳуқуқи башари эронӣ маҳбасро тарк намуд


IИмодиддин Боғӣ
IИмодиддин Боғӣ
Имодиддин Боғӣ, хабарнигор ва фаъоли ҳуқуқи башари Эрон, баъд аз як соли маҳрумият аз озодӣ маҳбасро тарк намуд. Дар ин бора Солеҳ Некбахт, вакили дифоъи ӯ хабар дод.

Боғӣ моҳи июли соли гузашта аз сӯи додгоҳ дар “тарғибот алайҳи низоми исломӣ” муттаҳам ва ба як соли зиндону манъи фаъолияти сиёсӣ тӯли панҷ сол маҳкум шуда буд.

Мақомоти амниятии Эрон ӯро 28 декабри соли 2009, як рӯз баъд аз ҳамоиши эътирозии мухолифин алайҳи натоиҷи интихоботи баҳсбарангези раёсатҷумҳурӣ, боздошт карда буданд.

Имодиддин Боғӣ, ки барандаи ҷоизаи бонуфузи Мартин Энналс мебошад, ҳамчунин аз фаъолони маъракаи аз байн бурдани ҳукми эъдом дар Эрон маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG