Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии САҲА аз қатъномаи парлумони Қирғизистон


Дуня Миятович
Дуня Миятович
Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) аз қатъномаи парлумони Қирғизистон бо даъвати масдудсозии дастрасӣ ба сомонаи интернетии fergana.ru изҳори нигаронӣ кард.

Дар изҳороти намояндаи САҲА оид ба озодии баён Дуня Миятович гуфта шудааст, ки «ин гуна тасмимҳои мақомоти Қирғизистон дар роҳи инъикоси ҳаводиси муҳими сиёсиву иҷтимоии кишвар, аз ҷумла, интихоботи қарибулвуқӯъи раёсатҷумҳурӣ монеъа эҷод мекунанд».

Вакилони парлумони Қирғизистон сомонаи fergana.ru-ро дар доман задани оташи низоъи қавмӣ миёни қирғизҳову ӯзбакҳо айбдор намуданд.
XS
SM
MD
LG