Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия, имрӯз дар бораи авфи умумии маҳбусони сиёсӣ амр содир кард. Ин дуввумин афви маҳбусон дар се ҳафтаи ахир аст.

Рӯзи душанбе дар Сурия даҳҳо эътирозгарон – донишҷӯёни донишгоҳи шаҳри Алеппо боздошт шуданд.

Ба иттилоъи ҳомиёни ҳуқуқи башар, донишҷӯён паёми навбатии Башор Асадро танқид карданд, ки дар он раисиҷумҳур ба мардум ваъдаи гуфтушунид бо мухолифин ва ба роҳ мондани ислоҳотро додааст. Ба гуфтаи онҳо, ин ваъдаҳо кофӣ нестанд ва раисиҷумҳур бояд ба истеъфо равад.

Ҷонибдорони Башор Асад, дар навбати худ, имрӯз дар Димишқ, Алеппо ва дигар шаҳрҳои Сурия намоишҳои густурдаи пуштибонӣ аз сарвари кишварро доир намуданд.
XS
SM
MD
LG