Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи мурофиаи нави додгоҳии амрикоиҳо муайян шуд


Шэйн Бауэр ва Ҷош Фаттал
Шэйн Бауэр ва Ҷош Фаттал
Мурофиаи нави додгоҳи Эрон аз рӯи парвандаи ду шаҳрванди амрикоӣ, ки дар ҷосусӣ айбдор мешаванд, рӯзи 31 июл баргузор хоҳад шуд. Дар ин бора вакили дифоъи амрикоиҳо хабар дод.

Се шаҳрванди ИМА - Шэйн Бауэр, Ҷош Фаттал ва Сара Шурд моҳи июли соли 2009 дар марзи Эрону Ироқ боздошт шуда буданд. Онҳо мегӯянд, ки иштибоҳан вориди қаламрави Эрон шудаанд. Сара Шурд соли гузашта баъд аз пардохти 500 ҳазор доллар гаравпулӣ раҳо карда шуд ва аммо номзадаш Шэйн Бауэр ва ҳамсафараш Ҷош Фаттал то ҳанӯз дар маҳбасанд.

Мақомоти Амрико чандин бор аз Теҳрон даъват карданд, ки Бауэр ва Фатталро озод кунад.
XS
SM
MD
LG