Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди вазири афғон аз Сандуқи байнулмилалии пул


Умар Захилвол
Умар Захилвол
Умар Захилвол, вазири молияи Афғонистон, Сандуқи байнулмилалии пулро барои ҳамкорӣ накардан бо ҳукумати Кобул интиқод кард.

Дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар пойтахти Афғонистон ӯ гуфт, ки Сандуқи байнулмилалии пул барои татбиқи барномаи пуштибонӣ аз Афғонистон омода нест.

Аз ин пеш Сандуқи байнулмилалии пул аз ҷудо кардани 70 миллион доллар дар чаҳорчӯби барномаи кӯмак ба Афғонистон худдорӣ кард.

Ин маблағ бояд ба бонки хусусии Кобулбонк интиқол меёфт, ки ҳукумати Афғонистон онро барои кор бо сармояи буҷаи давлатӣ ваколатдор кардааст. Соли гузашта ин бонк дар вартаи шикаст қарор гирифт. Маълум шуд, ки Кобулбонк қарзҳои бузургро беасос дар ихтиёри сиёсатмадорон ва тоҷирони маъруфи афғон гузоштааст.
XS
SM
MD
LG