Пайвандҳои дастрасӣ

Парлумони Юнон эътимод ба ҳукуматро баррасӣ мекунад


Эътирозҳо дар Юнон идома доранд

Эътирозҳо дар Юнон идома доранд

Имрӯз дар парлумони Юнон раъйдиҳӣ дар мавриди эътимод ба ҳукумат сурат мегирад. Дар ин бора баъд аз тағйирот дар ҳукумати Георгиос Папандреу тасмим гирифта шуд.

Рӯзи душанбе вазирони молияи кишварҳои минтақаи евро ба Юнон ду ҳафта мӯҳлат доданд, то ки чораҳои иловагӣ оид ба сарфаи хараҷоти буҷаро қабул кунад. Ин яке аз шартҳои дар ихтиёри Афина гузоштани қарзи 12 миллиард еврогӣ дар чаҳорчӯби кӯмак дар рафъи бӯҳрони шадиди молиявист.

Юнон аз Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи байнулмилалии пул хостори кӯмаки молиявӣ ба маблағи 110 миллиард евро шудааст.

Дар кишвар эътирозҳо алайҳи барномаи нави ҳукумат, аз ҷумла, коҳиши масрафот барои бахши иҷтимоӣ идома доранд.
XS
SM
MD
LG