Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар суқути ҳавопаймо чанд фарди шинохта ҷон бохтанд


Бар асари суқути ҳавопаймои ТУ-134 дар канори шаҳри Петрозаводски Русия 44 нафар ба ҳалокат расида, ҳашт нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Ба иттилоъи маъмурияти ҷумҳурии Карелия, ҳуввияти бештари қурбониёни ҳодиса тавассути ДНК ё ташхиси ирсият муқаррар карда хоҳад шуд.

Ҳавопаймои ширкати “Русэйр”, ки аз Маскав ба Петрозаводск парвоз мекард, ҳамагӣ як километр дуртар аз фурудгоҳ ба замин бархӯрд ва оташ гирифт.

Миёни қурбониёни ҳодиса – довари маъруфи футбол Владимир Петтай ва конструкторҳои аршади се ширкати атомии Русия низ ҳастанд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, панҷ нафари маҷрӯҳон ба бемористонҳои Маскав интиқол меёбанд. Миёни мусофирони ҳавопаймо шаҳрвандони Тоҷикистон набуданд.

Тафтиши сабабҳои ҳодиса шурӯъ шудааст. Айни ҳол фарзияҳои омили инсонӣ, иштибоҳи хадамоти фурудгоҳ, боду ҳавои номусоид ва мушкили фаннии ҳавопаймо тафтиш мешавад.
XS
SM
MD
LG