Пайвандҳои дастрасӣ

Қаҳрамонони нави дзюдои Тоҷикистон


Паҳлавони тоҷик Неъматулло Асронқулов

Паҳлавони тоҷик Неъматулло Асронқулов

Дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба гуштии дзюдо, ки дар Боғи фарҳанги шаҳри Қӯрғонтеппа тӯли ду рӯз идома кард, беш аз 120 варзишгар аз ҳамаи манотиқи кишвар дар ҳайати 9 даста ширкат дошт.

Нурулло Лоиқов, раиси Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, қаҳрамонони ҷадиди Тоҷикистон дар рақобатҳо аз рӯи ҳафт вазн муайян шуданд.

Вай афзуд, панҷ нафари онҳо – Ҳотам Ашӯров (вазни то 66 кг, Душанбе), Ҳотамшои Абдуғанӣ (то 73 кг, Қӯрғонтеппа), Ҷамшеди Иззатулло (то 81 кг, Хатлон-2), Неъматулло Асронқулов (то 90 кг, ноҳияи Рӯдакӣ) ва Раҳматулло Абдуллоев (то 100 кг, Душанбе) аввалин бор ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд.

Дар вазни то 60 кг Ҷамшед Халилов (Душанбе) имсол низ мақоми аввалро касб кард. Муҳаммад Абдураҳмонов (Душанбе), ки порсол дар вазни то 100 кг соҳиби ҷойи аввал шуда буд, имсол дар вазни +100 кг бо медали тилло мукофотонида шуд.

Нурулло Лоиқов афзуд: “Дар ин мусобиқа, ки таҳти сарпарастии Ширкати “Ресанда”-и шаҳри Қӯронтеппа (раисаш Нусратулло Файзуллоев) дар сатҳи баланд баргузор шуд, барои аввалин бор системаи электронии баҳогузорӣ ба кор бурда шуд. Ғолибони мусобиқа дар ҳайати дастаи мунтахаби кишвар дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байнулмилалӣ ширкат хоҳанд кард. Имсол барои гуштигирони тоҷик соли ба даст овардани имтиёзҳои олимпӣ маҳсуб мешавад. Дар айни ҳол ду паҳлавони маъруфи кишвар – Расул Боқиев ва Парвиз Собиров дар Бразил мебошанд. Ҳарду дар Ҷоми ҷаҳонии дзюдо, ки рӯзҳои 25-уму 26-уми июн дар шаҳри Сан-Паулу боргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард. Моҳи июл дар Венесуэла Ҷоми ҷаҳонии дзюдо барпо мегардад, ки дар ин мусобиқа низ бархе аз паҳлавонони тоҷик ширкат меварзанд. Моҳи август дар пойтахти Фаронса – шаҳри Порис мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон доир мешавад, ки дар он беҳтарин гуштигирони мо иштирок мекунанд. Моҳи сентябр бошад, паҳлавонони кишвар дар Ҷоми ҷаҳонии дзюдо дар шаҳрҳои Тошканд, Алмаато ва Дубай ширкат хоҳанд кард”.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG