Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозиҳои даври ҳаштуми сабқати Лигаи якуми футболи Тоҷикистон баргузор шуданд. Чаҳор бозӣ бо пирӯзии мизбонон ва як бозӣ бо ғалабаи меҳмонон анҷом ёфт.

Бозиҳо бо чунин натиҷаҳо ба охир расиданд: «Вахши зарнисор» - «Румӣ» - 4:3, «Зарафшон» - «Ситора» - 2:0, «Данғара» - «Локомотив» - 3:0, «Саройкамар» - «Вишгард» - 6:0, «Кӯктош» - «Ҳосилот» - 0:1.

Баъди натиҷагирии бозиҳои ҳашт даври мусобиқа дастаи “Ҳосилот”-и Фархор бо 20 имтиёз дар ҷойи аввал мебошад.

Дастаҳои “Ҳулбук”-и Восеъ ва “Зарафшон”-и Панҷакент 14- имтиёзӣ ба даст овардаанд. Бо дарназардошти таносуби тӯбҳо “Ҳулбук” дар ҷойи дуввум ва “Зарафшон”дар ҷойи севум қарор доранд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Ҳосилот” (Фархор) 8 6 2 0 13-3 20
2. «Ҳулбук” (Восеъ) 7 4 2 1 16-7 14
3. «Зарафшон» (Панҷакент) 7 4 2 1 13-5 14
4. «Саройкамар» (Панҷ) 6 4 1 1 15-4 13
5. «Вахши зарнисор» (Вахш) 7 3 3 1 14-12 12
6. «Пахтакор” (Қубодиён) 6 3 2 1 15-7 11
7. «Ситора» (Рӯдакӣ) 8 3 2 3 7-8 11
8. «Данғара» (Данғара) 7 3 1 3 7-5 10
9. “Кӯктош” (Рӯдакӣ) 7 3 1 3 8-8 10
10. «Сабо» (Шаҳринав) 5 2 2 1 11-6 8
11. “Локомотив” (Душанбе) 8 2 2 4 4-11 8
12. “Вишгард” (Файзобод) 8 2 0 6 6-23 6
13. “Ҷавонон” (Турсунзода) 5 1 0 4 4-13 3
14. “Румӣ” (Румӣ) 5 0 0 5 4-14 0
15. “Рашт” (Рашт) 6 0 0 6 1-12 0

Даври 9-ум

24-уми июн (ҷумъа)
«Кӯктош» - Зарафшон»
«Локомотив» - «Саройкамар»
«Сабо» - «Данғара»
«Ҳулбук» - «Ҷавонон»
«Румӣ» - «Вишгард»
«Пахтакор» - «Вахши зарнисор»

25-уми июн (шанбе)
«Ситора» - «Рашт»

Бозиҳо соати 17.30 шурӯъ мешаванд

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG