Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суқути ҳавопаймои мусофирбари Русия


Бар асари суқути як ҳавопаймои мусофирбар дар шимолуғарби Русия 44 нафар кушта шудаанд.

Бино ба гузоришҳо, ҳавопаймо дар як шоҳроҳи наздик ба фурудгоҳи шаҳри Петрозаводск афтода ва оташ гирифтааст. Ҳашт нафар дар сониҳа зинда мондаанд, вале вазъи сиҳатиашон бисёр бад арзёбӣ мешавад.

Ҳавопаймои ТУ-134 шояд бар асари иштибоҳи халабон дар вазъи номусоиди ҳаво ва туман суқут карда бошад. Дар ин бора муовини сарвазири Русия Сергей Иванов дар пояи иттилои муқадамотӣ ҳадс зад.

Суқути ҳавопаймои мусофирбар дар Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:13 0:00
Линки мустақим


Дар суқути ҳавопаймо, ки шаби гузашта дар канори шаҳри Петрозаводск рӯх дод, 44 нафар ба ҳалокат расида, ҳашт нафар маҷрӯҳ шудаанд. Ба гуфтаи мақомоти Карелия, ҳуввияти бештари қурбониёни ҳодисаро фақат тавассути ташхиси ДНК ё ташхиси ирсият метавон муқаррар кард.

Ҳавопаймои ширкати “Русэйр”, ки аз Маскав ба Петрозаводск парвоз мекард, ҳамагӣ як километр дуртар аз фурудгоҳ ба замин бархӯрд ва оташ гирифт. Миёни қурбониёни ҳодиса – довари маъруфи футбол Владимир Петтай ва конструкторҳои аршади се ширкати атомии Русия низ ҳастанд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, панҷ нафари маҷрӯҳон ба бемористонҳои Маскав интиқол меёбанд. Вазъи се нафар, аз ҷумла, як кӯдаки 10-сола вазнин арзёбӣ мешавад.

Миёни мусофирони ҳавопаймо шаҳрвандони Тоҷикистон набуданд.

Тафтиши сабабҳои ҳодиса идома дорад. Айни ҳол фарзияҳои омили инсонӣ, иштибоҳи хадамоти фурудгоҳ, боду ҳавои номусоид ва мушкили фаннии ҳавопаймо тафтиш мешавад.

Тайи се рӯз – аз 22 то 24 июн дар ҷумҳурии Карелияи Русия ба ёди қурбониёни суқути ҳавопаймои Ту-!34 мотам эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG