Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот: "Бозгашти марзбонони рус матраҳ нест"


Марзи Тоҷикистон ва Афғонистон дар вилояти Бадахшон
Марзи Тоҷикистон ва Афғонистон дар вилояти Бадахшон

Даври саввум ва ниҳоии музокироти ҳайъатҳои Русия ва Тоҷикистон дар масоили марзӣ, дар Душанбе оғоз ёфт.

Хушнуд Раҳматулоев, намояндаи дафтари матбуотии нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ин хабарро тасдиқ кард, вале афзуд, ки эҳтимол дорад ҷараёни ин гуфтушунид дар паси дарҳои баста сурат бигирад.

"БОЗГАШТИ МАРЗБОНОНИ РУС МАТРАҲ НЕСТ"

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон чун дар давраҳои пешини музокираи дуҷонибаи Русияву Тоҷикистон, бозгашти марзбононии рус ба марзи Тоҷикистон ва Афғонистонро рад мекунанд ва мегӯянд, ки ин мавзӯъ дар масъалаҳои матруҳа ҷой надорад.

Ҳоло мавзуъи аслӣ, имзои Созишномаи ҳамкории Тоҷикистону Русия дар бахши ҳифзи сарҳад мебошад, ки мавзӯи ваколати марзбонони Русия дар Тоҷикистон ва банди масъалаи пардохти андози марзбонони Русия дар Тоҷикистон муҳим ба шумор меояд.

Мувофиқатномаи қаблӣ дар моҳи октябри соли 2004 дар шаҳри Душанбе имзо шуда ва муддати иҷрои он 5 сол таъйин шуда буд. Бар асоси ин санад, хуруҷи нерӯҳои марзбони Русия аз марзи Тоҷикистон бо Афғонистон оғоз шуда ва дар соли 2005 ин раванд поён ёфт. Марҳилаи ибтидоии хуруҷи марзбонони Русия аз марзи муштараки Тоҷикистон бо Чин сурат гирифта буд.

Бад ин тартиб, дар тобистони соли 2005 марзбонони Русия аз марз комилан хориҷ шуда ва танҳо теъдоде аз мушовирони низомии Русия барои ҳамкорӣ бо марзбонони тоҷик дар манотиқи марзӣ боқӣ монданд.

РУСҲО БАРГАШТАНӢ ҲАСТАНД?

Дар ду соли ахир аз тариқи матбуоти Русия мақомоти ин кишвар хоҳиши бозгашти марзбонони худ ба мавзеъҳои марзии Тоҷикистон бо Афғонистонро таъкид карданд.

Раиси Хадамоти мубориза бо қочоҷи маводи мухаддири Русия генерал Виктор Иванов бо назардошти афзоиши ҳамлу нақли ғайриқонунии маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон, хостори бозгашти марзбонони ин кишвар ба Тоҷикистон шуда буд.

Як мақоми вазорати хориҷаи Русия низ изҳор дошта буд, ки Русия омода аст нерӯҳои марзбонии худро ба Тоҷикистон баргардонад.

МАҚОМОТ: "МАРЗБОНОНИ ТОҶИК ТАВОНОИИ ҲИФЗИ МАРЗРО ДОРАНД."

Генерал Шараф Файзуллоев, муовини аввали Фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва раиси Ситоди ин нерӯҳо дар як ҳамоиши байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе дар моҳи марти соли ҷорӣ гуфта буд, ки ҷониби Тоҷикистон ба афзоиши теъдоди мушовирони Русия дар нерӯҳои марзбононии Тоҷикистон алоқаманд набуда ва хостори кӯмакҳои бештари низомию фаннии Русия ба ин нерӯҳо шудааст.

Оқои Файзуллоев, гуфта буд, нерӯҳои Тоҷикистон аз соли 2005 ҳимояи тамоми марзи кишварро ба дӯши худ доранд ва собит намуданд, ки ба чунин коре омода мебошанд.

Ҷаноби Файзуллоев гуфт, нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба кӯмаки сареъ ва ҳалли мушкилоти худ ниёз доранд ва Тоҷикистон умедвор аст, ки бо нерӯи худ ва мусоидати шариконаш роҳи ҳалли ин мушкилотро пайдо мекунад.

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон аз соли 2005 ба ин сӯ, аз замони хуруҷи нерӯҳои Русия аз марзҳои Тоҷикистон ҳимояти ин марзҳоро бар дӯш доранд. Кишварҳои аврупоӣ ва Амрико дар чаҳорчӯби барномаи кӯмак ба амнияти марзҳо ё БОМКА барои таҳкими низоми марзбонии Тоҷикистон кӯмак мекунанд.

Дар Тоҷикистон 300 мушовирони марзбонӣ дар мавзеъҳои мухталифи марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон фаъолият мекунанд.
XS
SM
MD
LG