Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи сарнавиштсоз барои ҳукумати Юнон


Имрӯз дар порлумони Юнони дармонда дар мушкилоти молӣ, раъйгирӣ дар мавриди эътимод ба ҳукумати нави нахуствазир Ҷорҷ Папандреу баргузор мешавад. Ҷорҷ Папандреу ҳафтаи гузашта дар миёни кашмкашҳои сиёсӣ ва тазоҳуроти оммавӣ алайҳи коҳиши хароҷоти буҷаи давлат ва хусусигардонии амволи давлатӣ таркиби ҳукуматашро тағйир дод. Ӯ аз мардуми Юнон хост, ба хотири ҷилавгирӣ аз “паёмадҳои фалокатбори” амиқрафти бӯҳрони молӣ дар кишвар, ба ислоҳоти иқтисодӣ мухолифат накунанд. Вазирони молияи Иттиҳодияи Аврупо рӯзи душанбе ба Юнон гуфтанд, дар сурати қабули қонун дар бораи ислоҳот, 12 миллиард евро кӯмаки молиро хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG