Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳодисаи нодир дар ҳавопаймои Маскав-Душанбе


Додситонии нақлиёти шаҳри Маскав мегӯяд, ба таҳқиқи қазияи вуруди ғайриқонунии як зан ба ҳавопаймои хатти парвози Маскав-Душанбе пардохтааст. Дар баёнияи расмии додситонӣ гуфта мешавад, ин зан рӯзи 17 июн тавонистааст, бидуни билет, шиноснома ва аз назари тамоми хадамоти амниятии фурудгоҳи Домодедово пинҳон ба ҳавопаймои Маскав-Душанбе савор шавад. Ҳуввияти ин занро ошкор накардаанд.
XS
SM
MD
LG