Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ дархости вазири собиқи Украинаро рад кард


Як додгоҳи ноҳиявии шаҳри Киев, дархости вазири собиқи умури дохилии Украина барои раҳоӣ аз боздоштро рад кардааст. Ба гузориши бахши украинии Радиои Озодӣ, муҳокимаи додгоҳии Юрий Лутсенко, ки ба сӯистифода аз мақом ва истифодаи ғайриҳадафмандонаи маблағҳои давлатӣ муттаҳам мешавад, рӯзи 23 май шурӯъ шуд. Ӯ мегӯяд, ҳеҷ кори хатое накардааст ва парвандааш ангезаҳои сиёсӣ дорад. Юрий Лутсенко, раҳбари як ҷиноҳ дар порлумони Украина аст ва дар миёнаҳои моҳи апрел ба нишони эътироз аз боздошташ гуруснанишинӣ кардааст. Вакилони дифоъаш мегӯянд, вазъи Юрий Лутсенко, баъди гуруснашинӣ бад шудааст ва бояд табобат бигирад, аммо ба гуфтаи додгоҳ, вакилони дифоъ барои раҳо кардани вазири собиқи умури дохила аз боздошт далели кофӣ наёвардаанд.
XS
SM
MD
LG