Пайвандҳои дастрасӣ

Cафорати Узбакистон дар Русия, ба як навиштаи намояндагии Тоҷикистон дар Маскав посухи расмӣ додааст.

Намояндагии Узбакистон дар Маскав, мақолаеро дар сомонаи сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия, таҳти унвони «Захоири оби Тоҷикистон омили муттаҳидшавандаи Осиёи Марказӣ» як навъ навиштаи эҳсосотӣ унвон кардааст.

ҲАДАФ: ҶАЛБИ ТАВАҶҶӮҲИ МАСКАВ?

Дар ин мақола Узбакистон мухолифи сарсахти сохтмони обанбори Роғун ба қалам дода шудааст, ки сафорати Узбакистон дар Маскав ин мухолифати Тошканд дар нисбати Тоҷикистонро ноҷо меҳисобад. Дар мақолаи ҷавобии сафорати Узбакистон, ки «Далелҳо ва эҳсосот» унвон дорад, омадааст, ки Узбакистон ҷонибдори тарҳҳое энержие мебошад, ки мушкили экологиро дар минтақа ба вуҷуд наорад.



Бархе аз таҳлилгарони масоили сиёсии Тоҷикистон, дар Маскав ба чоп расидани ин мақолаҳои дипломатҳои ду кишвари ҳамсояро ҳадафмандона арзёбӣ намуда меафзоянд, ки мақсад аз ин, ҷалби таваҷҷӯҳи Маскав ба тарафи худ мебошад.

"ТАЛОШҲОИ ҶАЛБИ ТАВАҶҶУҲ БА СУДИ ИН КИШВАРҲО НЕСТ"

Вале коршиноси тоҷик Қосими Бекмуҳаммад ба ин назар аст, ки кӯшиши Тоҷикистону Узбакистон барои ҷалби таваҷҷӯҳи Русия ва ё ҳар кишвар дигар метавонад бар зиёни худи ин кишварҳҳо бианҷомад: «Ҳам Тоҷикистон ва ҳам Узбакистон ба сурати мустақим ва ё ғайри мустақим дар
Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси масоили сиёсӣ

робита ба сохтмони Роғун нишон медиҳад, ки Русия ба далели надоштани як стратегияи ҳисобшуда ҳам дар ростои манофеи милии Русия ва ҳам кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонад дар сатҳи дуҷониба ба ҳаракатҳое даст занад, ки бар зиёни кишвари сеюм бианҷомад. Аз ин рӯ чунин талошҳо барои ҷалби таваҷҷӯҳ ба суди ин кишварҳо нахоҳад буд.»

"УЗБАКИСТОН-САБАБГОРИ ҶАНГИ ДОХИЛӢ"

Дар мақолаи сафорати Тоҷикистон дар Маскав, Узбакистон кишваре қаламдод шудааст, ки сабабгори оғози сар задани ҷанги дохилии Тоҷикистон будааст. Ва ҳамчунин ин кишвари бӯҳрони энергетикиро дар Тоҷикистон эҷод кардааст.

Дар навишта омадаст, ки хусумати Тошканд то ҳадде зиёд аст, ки то кунун минаҳои худро аз мавзеъҳои хутути марзи муштарак барнамедорад. Ва борҳо вагонҳои Тоҷикистонро дар қаламрави худ бидуни огоҳӣ боздошта аст.

Сафорати Узбакистон дар Маскав ин иддаҳоеро, ки дар мақолаи сомонаи сафорати Тоҷикистон оварда шудааст комилан рад мекунад ва онро хусуматомез шарҳ дода меафзояд, ки сафири Тоҷикистон дар Маскав Абдулмаҷид Достиев дар солҳои оғози ҷанги дохилии Тоҷикистон яке аз чеҳраҳои маъруф буд хеле беҳтар бо вазъи он солҳо ошност.

Сафорати Узбакистон таъкид мекунад, ки даъвои дипломатҳои тоҷик бо гуфтаҳое, ки Эмомалӣ Раҳмон дар изҳоротҳои худ доир ба саҳми Узбакистон дар роҳи ба даст овардани сулҳи тоҷикон таъкид кардаааст, мухолифат мекунад.

БАҲСИ БЕҲУДА?

Ба сурати умум ин баҳси катбии дипломатҳои тоҷику узбакро, таҳлилгарони тоҷик аз як сӯ ҷанги сарди миёни Тошканду Душанбе донанд, аз тарафи дигар онро як баҳси беҳуда арзёбӣ мекунад, ки бо айбмониҳо намешавад ба ҳадаф расид.

Абдулғанӣ Маҳмадазимов, раиси анҷумани сиёсатшиносони
Абдулғанӣ Маҳмадазимов, раиси анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон

Тоҷикистон мегӯяд, ки аз лиҳози стротегӣ ҳам ин бугӯ магӯҳо дуруст нестанд: «Ман ба ин фикрам, ки агар то якуми декабр нахустин агрегати Роғун ба кор андохта нашавад, байни Тоҷикистону Узбакистон як ҷанги сард идома мекунад, ки аз тарафи дипломатҳо ва иттилоъгузориҳо пеш бурда шуда истодааст. Вақте, ки агрегати Роғун ба кор андохта шавад, мавқеи Тошканд ҳам тағйир хоҳад хӯрд, лекин ман тарафдори ин баҳсҳо нестам, чунки аз лиҳози стротегӣ ҳам нодуруст мебошад.»

Аммо коршиносони дигари тоҷик ба ин назар ҳастанд, ки тайи ин чанд соле, ки Тоҷикистон дар паи амалӣ намудани тарҳи Роғун мебошад, ҳамчунон дучори фишори иттлоотӣ ва дипломатии Тошканд мебошад. Узбакистон бо ҳар роҳе, чӣ дар миқёси ҷаҳонӣ ва минтақавӣ талош мекунад, ки исбот кунад, ки обанбори Роғун барои амнияти экологии минтақа хатарзо мебошад.

Нуралӣ Давлат, таҳлилгари масоили сиёсии Тоҷикистон ба ин назар аст, ки баъди аз байн бурда шудани ҳалқаи интиқоли тронзити барқ дар Тошканд, Тоҷикистон дучори бӯҳрони энергетикӣ хусусан дар фасли зимистон шуд, ки ин далелро намешавад рад кард.

МАРЗРО ТЕРРОРИСТОН МИНАКОРӢ КАРДАНД?!!!

Сафорати Узбакистон мегӯяд, ки далоили ҳифзи минаҳо дар хутути марзи муштарак ба гурӯҳҳои харобкору террорист ва кочоқбарони маводи мухаддир дахл дорад, дар ҳоле ки тайи ин чанд соле минаҳо метарканд, танҳо сокинони мулкӣ кушта ва захмӣ мешаванд.

Нуралӣ Давлат, рӯзноманигори тоҷик

Нуралӣ Давлат меафзояд: «Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонаи худ ба парлумон дар соли 2009 таъкид карда буд, ки беш аз 1000 мақола дар заминаи сохтмони Роғун алайҳи Тоҷикистон ба нашр расид, ки бепосух мондаанд. Ва Тоҷикистон наметавонад танҳо мавқеи дифоъӣ касб кунад. Агар далел дорем, танҳо сафорат не, бигзор ҳукумати Тоҷикистон ҷавоб гӯяд, вазорати хориҷа ҷавоб диҳад.»

Дафтари матбуоти Сафорати Узбакистон дар Русия дар поёни посухҳои худ, ки аз 7 банд иборат аст, ишора мекунад, ки Узбакистон ҳамеша ҷонибдори рушд ва таҳкими муносибатҳои дутарафа бо Тоҷикистон буда, ҳалли вуҷуди кадом норозиятиро бидуни сиёсӣ кардани масъала, аз роҳи музокираи ду тарафа зарур мешуморад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG