Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарзанде, ки падарро дар нимароҳ гузошт


Додгоҳе дар Хатлон аз фарзанди як марди солманд барои нигоҳубини падари мӯйсафедаш алимент ситонид.

Ин мурофиаи нодиру то кунун бесобиқа дар додгоҳи ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон баргузор шуда, додрас даъвои марди кӯҳансолро, ки ба хотири саркашӣ аз нигоҳубин ва таъмини иҷтимоӣ писарашро ба додгоҳ кашонда буд, қонеъ кард.

МУРОФИАИ НОДИРУ БЕСОБИҚА

Муҳиддин Сайфиддинов, додрасе аз додгоҳи вилояти Хатлон, бо тасдиқи ин хабар гуфт, то кунун дар ҷомеаи Тоҷикистон ва дар таҷрибаи кории ӯ чунин иттифоқе наафтода, зеро, маъмулан, волидайни солманд аз кашондани фарзандони худ ба додгоҳ барои саркашӣ аз нигоҳубинашон худдорӣ мекунанд: «Дар таҷрибаи кори судӣ дар чандин сол шояд ин якумин ҳолат бошад, ки муйсафеде нисбат ба писараш даъво пешниҳод карда буд, дар бораи ин, ки писараш ӯро нигоҳубин намекунад. Дар хориҷа шояд ин хел даъвоҳои судӣ бисёр бошанд, аммо барои мо нодир аст ин мисол. Суд ҳам даъвои мӯйсафедро қонеъ карда, аз зиммаи фарзанд барои нигоҳубини падараш 60 сомонӣ ҳар моҳ алимент таъин кард…»

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба таъкиди додрас Сайфиддинов, ин мисоли нодирест, ки падаре водор шудааст, барои ситонидани кӯмакпулӣ ё алимент аз писараш ба додгоҳ муроҷиат кунад. Вай афзуд, «дар як ҷомеаи суннатие, ки мо дорем, эҳтироми волидон ҳам фарзу ҳам қарзи ҳар як фарзанд маҳсуб мегардад ва кам воқеъ мешавад, ки фарзандон аз падару модари худ рӯй тобанд.»

ШИКОЯТ АЗ ПИСАРИ "БЕҲИММАТ"

Вале бобои Муҳаммадшариф, ки 67 сол дорад, мегӯяд, ягона писари беҳимматаш аз нигоҳубини ӯ даст кашида, ночорию
Бобои Муҳаммадшариф

дармондагӣ ӯро пушти дари додгоҳ бурдааст, то аз роҳи қонунӣ аз фарзандаш алимент ситонад: «Маро гуфтанд, ки биё ба хонаи пиронсолон баремат, ҳамон ҷо зиндагӣ мекунӣ. Лекин як холаи пир дорам, дардманд аст, ҳоло талбандагӣ мекунам, ҳар касе як сӯм-ним сӯм диҳад, нону дигар ғизо мехарам. Мошин зада буд, поям лат хӯрдааст, ҳолам хуб нест…»

Вай афзуд, аммо 60 сомонӣ, муодили камтар аз 13 доллари амрикоӣ, кӯмакпулӣ ё алименте, ки ҳар моҳ аз писараш ситонида мешавад, барои рӯзгордорӣ кифоят намекунад ва ӯ аз додгоҳ хостори бештар кардани ҳаҷми алимент шудааст. Дар ҳамин ҳол, писари бобои Муҳаммадшариф дар берун аз қаламрави вилояти Хатлон буда, имкони тамосу гуфтугӯ бо ӯ дар миён нест.

ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

Ҷомеашиносон ва аҳли мазҳаб бо изҳори нигаронӣ аз ин ки дар ҷомеа ин гуна иттифоқҳои барои фарҳанги тоҷикон бегона рух медиҳанд, мегӯянд, тарбияи нокомил ва заифи фарзандон гоҳе сабаб мешавад, ки онҳо падару модарро дар дами пириашон аз сар соқит мекунанд.

Саидҷони Сорбонхӯҷа, сархатиби масҷиди ҷомеъи шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд: «Аз нуктаи назари ислом, агар падар тамоми молу мулки писарашро хоҳад, ки бигирад, метавонад нопурсида ин корро кунад. Падарон болои
Саидҷони Сорбонхӯҷа, сархатиби масҷиди ҷомеъи шаҳри Қӯрғонтеппа

писарони худ 80 ҳақро доранд. Писар ҳақ надорад, ки ба сӯйи падар бо чашми тез нигоҳ кунад, молашро аз ӯ пинҳон кунад. Писар бояд ҳар он чи мепӯшад ва мехӯрад, бояд нахуст ба волидонаш муҳайё созад. Ин вазифа ва қарзи фарзанд аст дар назди падару модараш. Хуб мешуд, ки ҷавонмардони мӯҳтарам аз Худо битарсанду падару модарашонро ҳурмат кунанд. Беҳуда нагуфтанд, ки:

Ҷавонон, қадри пиронро бидонед,
Ки раъйи пир аз сад бахти ҷавон беҳ.

Оне, ки падару модарашро иззат намекунад, ин дунё ва ахираташ обод нахоҳад шуд. Бигузор ки миллионҳо доллар дошта бошад, аз он баракат намеёбад…»


ЧАРО ЧУНИН МУНОСИБАТ БО "ХУДОИ МАҶОЗӢ?

Ба иддаои Эшони Саидҷон, падару модар «Худои маҷозӣ»-и ҳар фарзанд ҳастанд ва ҳурмату нигоҳубини онҳо дар дами пирӣ фарзи ҳар авлод мебошад.

Ҳуқуқшиносон ҳам бо истинод ба банди 34-уми Қонуни асосии Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки «…фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъмини падару модар масъуланд.»

Муҳаббат Азизова, раиси додгоҳи вилояти Хатлон, дар ин иртибот мегӯяд: «Мувофиқи қонун, натанҳо барои нигоҳубини фарзанд, балки барои таъмину нигоҳубини падару модар ҳам ситонидани алимент пешбинӣ шудааст. Агар ҳам дар мо чунин одат нест, ки волидайн ба фарзандашон даъвои судӣ пеш оранд, лекин ҳамин
Муҳаббат Азизова, раиси додгоҳи вилояти Хатлон

чизро қонун пешбинӣ кардааст, ки онҳо метавонанд қонунан талаб кунанд, ки фарзандашон онҳоро парасторӣ ва таъмин намоянд. Ин дар Конститутсия ҳам гуфта шудааст, дар Кодекси оила ҳам…»

Вале воқеияти имрӯз гувоҳи ин ҳол аст, ки дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон ҳам солҳои ахир мавридҳои худдории фарзандон аз парастории волидайн рӯ ба афзоиш ниҳодааст.

Ба унвони мисол, аз 12 марду зани солманде, ки ҳоло дар хонаи пиронсолони бепарастори шаҳри Қӯрғонтеппа зиндагӣ мекунанд, 11 нафарашон фарзандони болиғу қобили кор дошта, аммо онҳо аз таъмину саробонии волидони худ даст кашидаанд. Аз даргузашти як зани солманд дар ин хонаи пиронсолон ҳам ахиран як сол сипарӣ шуд, аммо писаронаш ҳадди ақалл ба суроғи қабри модар наомадаанд.
XS
SM
MD
LG