Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Худсӯзии як зани қазоқ ба нишони эътироз аз зиндонӣ шудани писараш


Сохтмони ҳизби ҳокими "Нур Отан"
Сохтмони ҳизби ҳокими "Нур Отан"
Як зани қазоқ ба нишони эътироз аз зиндонӣ шудани писараш дар дафтари ҳизби ҳокими “Нур отан”-и президент Нурсултон Назарбоев оташ зад. Бино ба иттилои хабаргузории Interfax, 95 дар сади тани ин зан аз оташ осеб дид ва ӯро ба касалхона интиқол доданд. Дар тафсилоти хабар гуфта мешавад, ки ин зан вориди қабулгоҳи ҳизби ҳокими Қазоқистон шуда аз сараш бензин мерезад ва баъд худро дар пеши одамон оташ мезанад. Ҳанӯз мушаххас нест, ки писари ин зан бо кадом иттиҳом зиндонӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG