Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ф.Воҳидова: "Усмонов иттиҳомоти худро қабул надорад"


Файзинисо Воҳидова, вакили дифои хабарнигори боздоштшудаи шабакаи ВВС дар Хуҷанд имрӯз бо зерҳимояаш Ӯрунбой Усмонов дар боздоштгоҳи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд мулоқот кард.

Ӯ гуфт, ки ин мулоқот на дар алоҳидагӣ, балки дар утоқи кории муфаттиш сурат гирифта ва дар ҳузури ӯ нисбати Усмонов айбномаи расмӣ аз рӯи банди 307-и, қисмати 2-юми Қонуни ҷиноӣ, яъне иштирок дар фаъолияти аҳзобу созмонҳои ифротгарои ғайриқонунӣ эълон шуд. Хонум Воҳидова дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт:

«Айбдоршаванда иттиҳомоти зидди ӯ садододаро рад мекунад. Ӯ мегӯяд, ки замони таҳияи гузоришҳо бо намояндагони ин созмон вохӯрдааст, вале он замон намедонистааст, ки онҳо марбут ба «Ҳизб-ут-Таҳрир» мебошанд. Вай мегӯяд, ки сабти сӯҳбатҳои ин нафаронро, ки дар барномаҳо истифода кардааст, дар ихтиёр дорад».

Усмонов дар ин мулоқот таъкид кардааст, ки худ шахсан ба ҳайси мусалмони воқеӣ ақидаҳои «Ҳизб-ут-Таҳрир»-ро қабул надорад ва мулоқоти ӯ бо аъзои ин созмон танҳо «ба хотири таҳияи гузоришҳо ва бо ҳадафи анҷоми кори журналистиаш» сурат гирифтааст.

Хабарнигори бахши ӯзбакии ширкати садову симои Бритониё дар вилояти Суғди Тоҷикистон рӯзи 13 июн бо иттиҳоми узвият дар созмони мамнӯи «Ҳизб-ут-Таҳрир» боздошт шуд. Ин ҳодиса маҳкумияти созмонҳои байналмилалии мудофеи озодии баён, сафоратхонаҳои Бритониё ва ИМА дар Душанбе ва САҲАро ба бор овард, ки тақозои озодшавии билофосилаи Ӯрунбой Усмоновро мекунанд.
XS
SM
MD
LG