Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Оҷонсии нирӯи ҳастаии СММ ба арзёбии реакторҳои ҳастаии ҷаҳон


Раҳбари Оҷонсии нирӯи ҳастаии СММ имрӯз аз кишварҳои дорои нирӯгоҳҳои атомӣ даъват кард, ки дар давоми 18 моҳи оянда арзёбии мукаммал ва шаффофи тамоми реакторҳои ҳастаии худро анҷом диҳанд.

Юкио Амано, раҳбари кулли ин оҷонс инчунин гуфт, ки барои расидагӣ ба нигарониҳои паёмадҳои амниятии бӯҳрони атомии Ҷопон вокуниши билофосилаи байналмилалӣ зарур аст. Вай гуфт:


"Эътимоди ҷамъиятӣ ба амнияти нирӯи ҳастаӣ шадидан осед дид. Бо ин вуҷуд, нирӯи атомӣ ҳамоно барои бисёр кишварҳо хеле муҳим боқӣ мемонад. Аз ин хотир, тамоми тадбирҳои зарурии амниятӣ бояд ба таври фаврӣ андешида шаванд”.


Ин изҳорот дар ҷараёни конфронси Вена садо дод, ки ба баррасии паёмадҳои бӯҳрони ҳастаии нирӯгоҳҳои Фукушимаи Ҷопон ихтисос ёфтааст. Дар ин нишаст аксар намояндагони 150 давлати узви СММ иштирок мекунанд.
XS
SM
MD
LG