Пайвандҳои дастрасӣ

Медведев ишора кард, ки номзадиашро дар интихобот пешбарӣ намекунад


Мусоҳибаи Медведев бо Financial Times

Мусоҳибаи Медведев бо Financial Times

Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳурии Русия ишора кард, ки ният надорад дар интихоботи қарибулвуқӯи президентӣ дар канори Владимир Путин номзадии худро пешбарӣ кунад. Дар мусоҳибае, ки имрӯз дар нашрияи Financial Times, чопи Лондон нашр шуд, Медведев афзоиши фарқи миёни ӯву Путинро дар арсаи сиёсии Русия рад кард. Вай зимни посух додан ба савол оид ба интихобот гуфт:

“Тасаввур кардан душвор аст. Ҳадди аққал як сабабаш ин ки Владимир Путин – як ҳамкор ва дӯсти деринаи ман аст ва мо бо ӯ ғолибан як нирӯи сиёсиро муаррифӣ мекунем. Рақобати миёни мо метавонад ҳадафҳоеро халалдор созад, ки дар давоми ин солҳо мову ӯ пайгирӣ кардаем”.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Русия соли оянда баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG