Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Башор Асад "харобкорон"-ро масъули бебандубориҳои Сурия номид


Башор Асад гуфт, ки бӯҳрони беш аз семоҳаи Сурия кори дасти харобкорон аст. Дар як суханронии телевизиониаш раиси ҷумҳурии Сурия мардумро ба муколамаи миллӣ даъват кард, вале гуфт, ки бояд дар миёни харобкорон ва талабгорони қонунии ислоҳот дар кишвар фарқ гузошта шавад.

Башор Асад гуфт, ки Сурия дар як “нуқтаи чархиш” қарор дорад. Бар тибқи иддаои мухолифин, дар давоми тамоми муддати эътирозҳо, дар саросари Сурия беш аз 1400 нафар кушта шуда 10 ҳазор нафар боздошт гардиданд.

Дар ҳамин ҳол, Иттиҳодияи Аврупо дар фикри ин аст, ки дар нишасти имрӯзааш дар Люксембург таҳримҳои зидди Сурияро тавсеа бахшад.
XS
SM
MD
LG