Пайвандҳои дастрасӣ

Таъхири Иттиҳодияи Аврупо бо кӯмак ба Юнон


эътирозҳои Юнон

эътирозҳои Юнон

Вазирони молияи минтақаи таҳти нуфузи Евро тасмим гирифтанд, ки бастаи нави кӯмакҳои молӣ ба Юнонро ба таъхир андозанд. Дар як нишасти Люксембург, вазирони молия дар Атен гуфтанд, ки Юнон метавонад то миёнаҳои моҳи июл 12 миллиард евро кӯмакҳоро дарёфт кунад, ба шарте, ки парлумон қонунҳои калидии марбут ба хариду фурӯши амволи давлатиро қабул кунад.

Рӯзи якшанбе нахуствазир Георгий Папандреу аз юнониҳо хост, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз фоҷеа, муқаррароти нави пешниҳодшавандаро бипазиранд. Зимни суханрониаш дар парлумон Папандреу мардуми кишварашро даъват кард, ки бо афзоиши молиёт ва барномаҳои нави хусусигардонӣ мувофиқат кунанд.
XS
SM
MD
LG