Пайвандҳои дастрасӣ

Ваъдаи мулоқоти адвокат бо Ӯ.Усмонов


Имрӯз вакили дифои журналисти боздоштшудаи шабакаи ВВС бояд бо Ӯрунбой Усмонов дар дохили боздоштгоҳи Раёсати кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мулоқот кунад.

Файзинисо Воҳидова, ки вакили дифои Усмонов мебошад, дар давоми як ҳафтаи баъди боздошти Усмонов то ҳол натавонист бо нафари мавриди ҳимояташ мулоқот кунад, ки барои узвият дар созмони мамнӯи “Ҳизб-ут-Таҳрир” айбдор мешавад.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи шанбе зимни мулоқот бо хабарнигорони Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ва сомонаи pressa.tj, хабарнигори бахши ӯзбакии ВВС дар Суғд Ӯрунбой Усмонов аз дохили боздоштгоҳ гуфт, ки иттиҳомоти зидди худро қабул надорад. Вай гуфтааст, ки воқеан ҳам бо намояндагони раҳбарияти “Ҳизб-ут-Таҳрир” барои анҷоми корҳои хабарнигории худ мулоқот кардааст.

Ба иттилои ҷониби тафтишот, нақш доштани хабарнигори ВВС дар фаъолияти “Ҳизб-ут-Таҳрир”-ро гӯё намояндагони пештар боздоштшудаи ин созмони мамнӯъ, ки аз онҳо мақомоти интизомӣ чун “раҳбарияти “Ҳизб-ут-Таҳрир” дар Суғд ном мебаранд, дар баёноти худ иқрор кардаанд.
XS
SM
MD
LG